• Administrator
  • 07.02.2019
  • 0

Толеъномаи 7 феврал 2019

hamalҲамал ( 21 март-20 апрел)

Бо вуҷуди душвориҳо бурдбориҳои зиёд ба даст меоред ва имкони ба вазифаи баландтар ноил гаштанатон фароҳам меояд. Ба нафароне, ки бо маслиҳатҳои худ шуморо аз роҳ мезананд, гӯш надиҳед. Нимаи аввали ҳафта мушкилоти пулӣ мекашед, вазъият рӯзи ҷумъа тағйир ёфта, даромади пулӣ ба даст меоред. Дар ҷодаи муҳаббат ягон тағйирот дида намешавад. Саломатиятон чандон бад нест, вале ин маънои онро надорад, ки бепарво бошед. Эҳтимоли ҷароҳат бардоштанатон вуҷуд дорад.

savrСавр ( 21 апрел – 22 май)

Рӯзи нав бароятон вазнину дилгиркунанда меояд, корҳоятон дар баробари зиёд будан фавран бояд ба анҷом расонида шаванд.  Нимаи дуюми рӯз барои сафарҳо мусоид аст. Дар масъалаҳои пулӣ бояд сарфа кардани маблағро сар кунед, рӯзҳои наздик ба пул эҳтиёҷатон зиёд мегардад. Фикру андешаҳои мағшушро аз сар дур сохта, табъи худро хуш нигоҳ доред, вагарна хаставу бемадор мегардед. Ғизои фоиданок истеъмол намуда, бештар дар ҳавои тоза гаштугузор намоед. Кореро, ки ба шумо дахл надорад, ба дӯши худ нагиред.

chavzoҶавзо ( 23 май-21 июн)

Дар ин рӯз дар хонаву ҷои кор бояд мустақилона қарорҳои муҳимро тарҳрезӣ намоед. Фикру ақидаи шумо ба атрофиён писанд намеояд, вале ба ин чиз диққат надиҳед. Агар шумо роҳбар бошед, нисбати зердастони худ аз ҳад зиёд серталаб набошед ва дар баробари ин, уҳдадориҳои худро ба дӯши дигарон бор накунед. Камбудиву мушкилоти ҷиддиро ба ғайри худатон касе беҳтар рафъ сохта наметавонад. Барои муайян намудани беморие, ки шуморо ташвиш медиҳад, ба табиб муроҷиат кунед.

akrabСаратон (22 июн- 22 июл)

Дар ин рӯз дар хонаву ҷои кор душвориҳо сар мезананд. Муносибат бо наздикон бад гашта, шубҳаву гумони баде, ки дар дил доред, дар амал татбиқ мегардад. Аз ин лиҳоз, эҳтиёткор бошеду фикру нияти нек кунед. Ба мушкилоти фарзандон низ фориғболӣ накунед. Бо нафаре, ки дӯсташ медоред, забон ёфтанатон душвор мегардад. Вақте расидааст, ки аз пайи табобати бемориҳои музмин шавед. Ба наздиконатон, ки аз шумо кӯмак мепурсанд, то ҷое имкон доред, мадад расонед. Рӯзе подоши некиҳоятонро мебинед.

asadАсад ( 23 июл – 23 август)

Ба садои қалб гӯш диҳед, он гоҳ нерӯи худро ба самти даркорӣ равона месозед. Наздикон ва аҳли оила ба маслиҳати шумо ниёз доранд. Эҳтимоли яку якбора тағйир ёфтани нақшаҳоятон дар назар аст. Дар чунин ҳолатҳо танҳо ба қувваи худ умед бандед, маслиҳати бегонаҳо вазъиятро душвортар месозад. Аз нафароне, ки роҳҳои ба осонӣ ба даст овардани пулро пешниҳод мекунанд, худро дур гиред. Нафарони муҷаррад аз вохӯрии ногаҳонӣ бахти худро меёбанд. Бемории гурдаро бо усулҳои нави табобат бояд пешгирӣ намоед.

sunbulaСунбула ( 24 август- 23 сентябр)

Ҳодисаҳои ногаҳоние, ки дар ин рӯз рух медиҳанд, қисми зиёди нақшаҳоятонро халалдор месозад. Диққати бештари худро ба ҳамкорони тиҷоратӣ ва шахси дӯстдошта равон созед. Танҳо бо ҳамин роҳ шумо муносибатҳои вайронгаштаи худро ба эътидол дароварда метавонед. Барои он ки кисаатон бе пул намонад, пулро боақлона сарф намоед. Нафарони муҷаррадро ишқи тоза нерӯ мебахшад. Нимаи дуюми рӯз аз пайи мустаҳкам сохтани масунияти бадан шавед, бештар дар ҳаракат бошеду меваи зиёд истеъмол кунед.

mizonМизон ( 24 сентябр- 23 октябр)

Вақте расидааст, ки чизҳои нодаркорро аз хонаи худ партоеду тарсу ваҳмро аз сар дур созед. Ташвишу корҳоятон хеле зиёд мешавад. Агар дар атрофатон нафароне бошанд, ки нисбаташон эътимод надошта бошед, беҳтараш сари вақт муносибатро бо ин нафарон қатъ намоед. Рӯз барои машқҳои ҷисмонӣ мусоид аст, серҳаракатӣ ба саломатиятон фоида мерасонад. Вақте расидааст, ки нафарони муҷаррад аз пайи пайдо кардани бахти худ шаванд. Дар масъалаҳои пулӣ бо нафарони таҷрибадор маслиҳат кунед.

saratonАқраб ( 24 октябр- 22 ноябр)

Дар ин рӯз кунҷи танҳоиро ихтиёр накунед. Ҳама гуна сафарҳо ҳам даромади пулӣ меоранду ҳам табъатонро хуш мегардонанд. Муносибататон бо атрофиён беҳтарин гашта, бо дӯстдоштаатон наздиктар мешавед. Дарди миён аз нав хурӯҷ мекунад. Нисбати саломатӣ бепарвогӣ накарда, фавран аз пайи табобат шавед. Мушкилоти пулӣ намекашед, вале бояд пулро сарфа кунед, рӯзҳои наздик мушкилоти сахти пулӣ мекашед. Вохӯрӣ бо дӯстони дерин ва ташвиши рӯзгор табъатонро болида месозад.

kavsҚавс ( 23 ноябр- 21 декабр)

Хабари ногуворе, ки дар ин рӯз мешунавед, ба зудӣ ба гӯшаи фаромӯшӣ меравад. Нимаи дуюми рӯз ба зиндагиятон тағйиротҳои куллӣ ворид мегардад, бо тақдир баҳс накарда, ҳар чизе ба саратон омад, сабурона қабул намоед. Оқибати ҳама кор бо хурсандӣ анҷом меёбад. Рӯзҳои наздик хароҷоти калон мекунед, аз ин рӯ, пулро сарфа кунед. Бемориҳои музминро танҳо бо маслиҳати мутахассис табобат кунед. Бештар истироҳат намуда, аз истеъмоли хӯроки зарарнок ва машрубот худдорӣ намоед.

chaddiҶаддӣ ( 22 декабр- 20 январ)

Агар дар оғози корҳоятон душворӣ кашидед, руҳафтода нашавед. Аз миёнаи рӯз сар карда, корҳоятон рӯ ба беҳбудӣ меорад. Барои он ки сари қарори нодуруст наоед, бояд бо нафаре маслиҳат карда амал намоед. Нафарони муҷаррад бояд ба атрофиёни худ зеҳн монанд, нафаре шуморо дӯст медорад, вале иқрор шуда наметавонад. Ба оиладорон баҳс карданро тавсия намедиҳем. Ба саломатии дил ва рагҳои хунгард диққати бештар зоҳир намуданатон лозим аст. Ғизои зарарнок ба саломатиятон таъсири манфӣ расонидааст.

dalvДалв ( 21 январ- 20 феврал)

Агар ба қувваи худ бовар кунед, ҳатман муваффақ мегардед. Бо шарикони корӣ дар масъалаҳои шахсӣ гап задану сири дил карданро тавсия намедиҳем. Ҳатто ба дӯстони беҳтарини худ бовар накунед. Дар масъалаи саломатӣ ба кори меъда диққати хоса диҳед. Ба шумо парҳези шадид лозим аст. Ранҷишу хафагиро дергоҳ фаромӯш карда наметавонед, аз ин рӯ, аз доираи нафароне, ки бароятон писанд нестанд, дурӣ ҷӯед. Меҳру муҳаббати нафаре, ки дӯсташ медоред, дилатонро ба зиндагӣ гарм месозад.

hutҲут ( 21 феврал- 20 март)

Эҳтимоли ба доми макру ҳила ва дасисаву найранги нафароне, ки эътимодатон нисбаташон зиёд аст, афтиданатон имконпазир аст. Дар ҷои кор танҳо бо уҳдадориҳои худ машғул шавед ва ба кори дигарон бинӣ нахалонед. Дар муносибатҳои ошиқона сабабе барои рашки шумо вуҷуд надорад. Барои он ки аз фишори руҳӣ амон ёбед, аз рӯйи имкон қабл аз хоб пиёдагардӣ кунед. Вазъи молиявиатон рӯ ба беҳбудӣ меорад. Аввали рӯз пули нағз ба даст меоред. Барои дӯстдоштаи худ харидани туҳфаро фаромӯш накунед.

Поделиться новостью с друзьями:


Назари худро нависед

Ваш e-mail не будет опубликован.

App Banner