Толеъномаи 9 май 2018

ТОЛЕЪНОМА
             Ҳамал ( 21 март-20 апрел)

hamal

 Мушкили ягонаи шумо имрӯз дар он аст, ки хеле асабӣ мешаведу ба моҷарову нофаҳмӣ роҳ медиҳед. Нисбати рақибон нафрати худро нигоҳ доштанатон душвор мегардад. Беҳтараш қувваи худро бо мақсадҳои бароятон судманд истифода баред. Айни замон барои фаъолияти илмӣ, эҷодӣ ва варзиш хеле хуб аст. Даромади пулие, ки  дербоз интизораш будед, бо гуноҳи худатон аз даст меравад.

Савр ( 21 апрел – 22 май)savr

Эҳтимоли пайдо шудани бемориҳои ҳормонӣ, аллергикӣ, ҷигар ё рагҳои хунгарди дил вуҷуд дорад. Ҳамзамон масунияти худро мустаҳкам намоед.  Барои саврҳое, ки бо илмомӯзӣ машғуланд, давраи мусоид фаро мерасад. Аввали рӯз маблағи зиёд сарф карданро маслиҳат намедиҳем.

chavzoҶавзо ( 23 май-21 июн)

 Диққати аксари ҷавзоҳо ба мавзӯи муносибатҳои шахсӣ равона карда мешавад. Айёми хубест барои ошиқ шуданатон. Бо нафаре шинос шуда ё муносибатҳои пештараро барқарор карда метавонед. Бори дигар собит мегардад, ки муносибатҳои ошиқонаи шумо дар асоси дӯстиву садоқат сохта шудааст. Бо вуҷуди хуб будани муносибатҳоятон нисбати ҷуфтатон дағалӣ накунед.

akrabСаратон (22 июн- 22 июл)

Хоҳиши зиёди кор карданро пайдо мекунед, вале бо сабаби хастагии зиёд худдорӣ карданатон лозим аст. Касоне, ки дар сари вазифаанд, шартномаҳои муфид мебанданд, шарикони нави пурқувват меёбанд, пуштибон пайдо мекунанд.  Дар ин рӯз ба бемориҳои дил ва сутунмуҳра гирифтор шуданатон имкон дорад. Давраи хубест барои таъмири хона. Дар муносибатҳои оилавӣ ба  нофаҳмиҳо роҳ надиҳед.

asadАсад ( 23 июл – 23 август)

 Комёбиҳоятон рашку ҳасуди хешовандонро меорад, бинобар ин, ситораҳо ба шумо эҳтиёт шуданро тавсия додаанд. Барои беҳтар сохтани вазъи саломатӣ бо меҳнати ҷисмонӣ ё машқи бадан машғул шавед. Аз хӯрокҳои равғанину хамирӣ худдорӣ намоед,  хатари бемор шудани ҷигар вуҷуд дорад. Асадҳое, ки бо ёрашон қаҳрианд, имрӯз бояд илоҷе карда дили маҳбуби ранҷидаашонро ёбанд.

sunbulaСунбула ( 24 август- 23 сентябр)

Аз орзуву ниятҳое, ки бар зарари шумоянду амалӣ шуданашон ғайриимкон аст, даст кашиданатон беҳтар аст. Нимаи дуюми рӯз як хабари дурӯғ боиси сар задани ҷангу ҷанҷол дар байни шумо ва ҳамсар ё ошиқатон мегардад. Бо гапҳои бемаънӣ ва таънаю маломат ба рӯйи оташи ғазаби ёратон равған напошед, ки хонаи бахтатон месӯзад. Беҳтараш дар муҳити таскинбахш саломатиятонро мустаҳкам месозед.

mizonМизон ( 24 сентябр- 23 октябр)

Дар давоми рӯз ба солимии гурдаҳоятон диққати хоса диҳед. Агар аллакай гирифтори бемории гурда бошед, аз пайи табобат шавед. Ба мизонҳое, ки одати сигоркашӣ доранд, хотиррасон мекунем, ки дар ин рӯз асаб ва роҳҳои нафас зери хатар қарор доранд. Ҳангоми рондани мошин ҳушёриро аз даст надиҳед.

saratonАқраб ( 24 октябр- 22 ноябр)

Аслан дар ҳаёти ақрабҳо ягон чиз осон ба даст намеояд, вале онҳо қодиранд, ки бо ақлу фаросат ва маҳорату ҳунари зотиашон ҳаққи худро аз даҳони аждар ҳам бигиранд.  Ба саломатии худ хеле бодиққат бошед. Аз ҳолати ҷисмонии шумо бурдбориҳоятон вобастагӣ доранд. Бо вуҷуди он ки шуморо чизе ташвиш намедиҳад, бояд аз усулҳои беҳсозии саломатӣ истифода баред, хусусан агар бемориҳои музмин дошта бошед.

kavsҚавс ( 23 ноябр- 21 декабр)

Дар ин рӯз бо шахсони обрӯманд шинос шуданатон аз эҳтимол дур нест.   Аксари бемориҳои шумо бо сабаби хавотиршавии беандоза ва хастагӣ пайдо мешаванд. Барои пешгирӣ намудани бемориҳо бояд тарзи зиндагии худро ба тартиб оварда, эҳсоси хавотириро аз худ дур созеду аз шуғлҳои нодаркор худдорӣ намоед. Варзиши тандурустӣ кунед ва аз хӯрокҳои равғанину хамирӣ парҳез карданро тавсия медиҳем.

chaddiҶаддӣ ( 22 декабр- 20 январ)

Имрӯз барои ҳамкорӣ, шарикӣ дар кор, додугирифт ва имзои  шартномаҳо айёми беҳтарин аст. Мутассифона барои корҳои вобаста ба пул чандон бобарор нест. Кӯшиши беҳтар сохтани вазъи молиявиро накунед, коратон барор намегирад. Нимаи дуюми рӯз ҷаддиҳои танҳоро шиносоии тақдирсозе дар назар аст, вале саросема нашуда, дар бораи ёри наватон маълумоти кофӣ бигиред.

dalvДалв ( 21 январ- 20 феврал)

Рӯз барои харидорӣ намудани чизе мусоид нест, хусусан нимаи дуюми он ба бозору мағоза рафтанро маслиҳат намедиҳем. Нимаи аввали рӯз дастгирии дӯстонро, ки бо маблағу маслиҳатҳои судмандашон кӯмак мекунанд, эҳсос мекунед. Бо шарофати дӯстон пул кор мекунеду сарфа ҳам карда метавонед. Кори дар якҷоягӣ иҷрокарда натиҷаи хуб меорад.

hutҲут ( 21 феврал- 20 март)

Мутаассифона дар масъалаи молиявӣ муваффақ намегардед. Пули зиёд кор мекунед, вале ба доми фиреб афтида пули калонро аз даст медиҳед ё бо сабаби парешонӣ пулро гум мекунед. Барои пешгирӣ намудани чунин ҳолат хеле  эҳтиёткор бошед. Охирирӯз аз баҳсу мунозира боатрофиён дурӣ ҷӯед, зеро он ба манфиати шумо анҷом намеёбад. Сирри дилатонро ба ҳар кас нагӯед, беҳуда нагуфтаанд, ки девор муш дораду муш гӯш.

 


Поделиться новостью в социальных сетях:

Leave a Reply