• Бахтовар Сафаров
  • 19.03.2019
  • 0

Арӯси мӯйлабдор

Ҷавоне ба хостгорӣ рафта, мебинад, ки арӯсшавандааш каме мӯйлаб дорад. Аз духтар мепурсад:

-Як савол дорам. Чаро шумо мӯйлаб доред?

Духтар аз шарму алам гиря мекунад.

Ҷавон даступохӯрда шуда, мехоҳад духтарро дилбардорӣ кунад ва саросема шуда мегӯяд:

-Гиря накун, мард гиря намекунад.

Буданаҳои зинда

Дар тарабхона марде пешхизматро даъват карда мегӯяд:

-Гӯш кун, додар, ҳамин буданаҳоро боз ками дигар бурда бирён кун!

Пешхизмат:

-Магар хуб бирён нашудаанд?

Мард:

-Ин буданаҳо хӯриши маро хӯрда тамом карданд.

Поделиться новостью с друзьями:


Назари худро нависед

Ваш e-mail не будет опубликован.

App Banner