Боғбонҳои дарахти дӯстӣ

Слайдер, Узбекистон, ФАРҲАНГ ВА АДАБ

Сомонаи расмии Ҷумҳурии Ӯзбекистон – «Ӯзбекистон миллий ахборот агентлиги» мақолаи шоир, нависанда узви иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Сулаймон Эрматовро, ки ба муносибати дӯстии ду кишвар ихтисос ёфтааст ба нашр расонидааст. Ин мақолаи адиб «Боғбонҳои дарахти дӯстӣ» ном дорад, ки варианти тоҷикии онро манзури шумо мекунем.

Кӯпруки дӯстии ду халқ, ки асосгузори он ҳазрати Навоӣ ва Мавлоно Ҷомӣ буданд,  асрҳо гузашта бошад ҳам заррае озор надид,  аз санҷиши таърих гузашта боз ҳам мустаҳкамтар гардид. Арбоби  намоёни  ҷамоат ва давлат,  роҳбари  вақти Ҷумҳурии ӯзбекистон, шоир ва адиби маъруфи ӯзбек   Шароф Рашидов яке аз меъморони  кӯпруки дӯстии ду халқ  ба ҳисоб мерафт.

Шароф Рашидов  ҳам дар ҳаёт ва ҳам дар эҷодиёт  кӯпруки дӯстии тоҷику ӯзбек буд. Бо ташаббуси ӯ солҳои 1961, 1968 ва  1981 дар ӯзбекистон  Рӯзҳои адабиёт ва санъати тоҷик, инчунин дар Тоҷикистон ин тадбири муҳим бошукӯҳ гузашт. Ба ин муносибат асарҳои беҳтарини адибони тоҷик дар ӯзбекистон бо теъдоди зиёд чоп шуд. Шароф Рашидов дар оғозу анҷоми даҳаи адабиёт ва санъат шахсан иштирок намуда, сухан мекард. Иштироккунандагони ин анҷуман, шоир ва нависандагони  Тоҷикистон бо мукофотҳои гуногун қадрдонӣ карда мешуданд.

Ходими намоёни  давлатӣ ва адиб Шароф Рашидов аз парвози баланди ашъори диловези Мирзо Турсунзода, ки дӯсти наздикаш ҳисоб мерафт, ба илҳом меомад. Хосатан шеърҳои ҳиндустонии  шоири тоҷик ба вай таассуроти амиқ гузошт. Пас аз он дар дилаш  хоҳише пайдо шуд, ки ӯ ҳам дар мавзӯи Ҳиндустони афсонавӣ  асарҳо  эҷод кунад. Ҳамин тавр  «Таронаи Кашмир» рӯи дафтар омад.  Онро се бор гаштаю баргашта таҳрир намуд ва се бор мусаввадаи  асари худро  ба дӯсти тоҷикаш  пешниҳод кард, то андешаҳояшро баён созад.  Бо гирифтани фикру мулоҳизаҳои Мирзо Турсунзода , ниҳоят  Шароф Рашидов бо дилпурӣ асарро ба дасти чоп дод.

– Аз рӯзҳои  аввали дӯстии мо то ҳаёти охирини шоир моро решаҳои боқии ҳамкориҳои эҷодӣ ва муносибатҳои инсонӣ фаро гирифта буд,– менависад  собиқ Котиби якуми ҳизби коммунисти  ӯзбекистон, адиби маъруфи ӯзбек Шароф Рашидов дар сарсухани  китоби Мирзо Турсунзода, ки бо номи «Оташ посбони» соли 1981 ба забони ӯзбекӣ чоп шуда буд. –Ин решаҳо аз шираю шарбати кишвари азизамон  баҳра мегирифт, ин решаҳо аз шарофати  дӯстии  файзбор ва  баракаи халқамон рӯз аз рӯз мустаҳкамтар мегашт. Нузаронидани  ҳафтаю декадаҳои адабиёт ва санъат, алоқаҳои доимии фарҳанг, аз неъматҳои маънавӣ баҳраманд шудан дар байни халқамон ба анъанаи бузург табдил ёфта буд. Рӯзҳои адабиёт ва санъати тоҷик дар ӯзбекистонро, ки соли 1968 баргузор гашта буд, то ҳозир ёд дорам. Вохӯриҳо, муҳокимаҳои эҷодӣ, суҳбатҳо танҳо дар вазъияти расмӣ не, балки дар атрофи дастурхон, дар Душанбе дар хонадони Мирзо Турсунзода, дар Тошканд дар хонаи камина баргузор гашта буд. Вохӯриҳое, ки бо Мирзо Турсунзода мешуд, фаромӯшнашаванда буда, ҳам дар қалби ман, ҳам  дар хотираи ман муҳри абадӣ нақш бастааст. ӯ Мирзои танҳо тоҷкон не, балки Мирзои мо–ӯзбекон  низ ҳаст…»

Шароф Рашидов инчунин бо Ҷалол Икромӣ, Сотим Улуғзода, Фотеҳ Ниёзӣ ва дигар адибони тоҷик дӯсту бародар буд. Бо эҳтироми ин қадрдонӣ ба Фотеҳ Ниёзӣ дар Самарқанд, ба Ҷалол Икромӣ дар Бухоро барои зистан ва эҷод кардан  хонаҳои  зебо  тӯҳфа намуд. Барои хизматҳои бузургаш  дар Самарқанд осорхонаи Садриддин Айнӣ  кушода шуд ва то ҳозир ин осорхона фаъолияти худро давом дода истодааст. Шароф Рашидов  дар кушодашавии ин осорхона шахсан иштирок намуд ва ба анҷумани байналмилалии  100- солагии  устод Айнӣ, ки дар Самарқанд гузашта буд, суханронӣ кард.

Бо роҳнамоии Шароф Рашидов  дар Донишкадаи  давлатии Самарқанд факултаи забон ва адабиёти тоҷик васеътар гардид.  Донишкадаи педагогии  ба номи Садриддин Айнии Самарқанд, ки таълим асосан ба забони тоҷикӣ сурат мегирифт, кушода шуд. Дар донишкадаи педагогии Бухоро низ шуъбаҳои тоҷикӣ амал мекард. Дар донишкадаи давлатии  Самарқанд шӯрои илмӣ, ки ҳуқуқи дараҷаи илмӣ додан дошт, фаъолият намуда , диссертатсияҳои вобаста ба забон ва адабиёти тоҷик дар ҳамин ҷо  ҳимоя карда мешуд.

Дар давраи Шароф Рашидов  дар радиои ҷумҳурӣ  соатҳои барномаи тоҷикӣ  зиёд гардид.  Сурудҳои тоҷикӣ аз радиову  аз телевизион мунтазам шунида мешуд. Дар радиои  вилоятҳои Самарқанд, Бухоро ва Фарғона  низ барномаҳои тоҷикӣ амал мекард. Дар матбуот низ забони тоҷикӣ ҷои намоёнро ишғол мекард. Маҳз бо ташаббуси Шароф Рашидов солҳои 60-ум рӯзномаи ҷумҳуриявии «Ҳақиқати Ӯзбекистон»  («Овози тоҷик»-и ҳозира) дар як ҳафта 5 маротиба чоп мешуд.

Корҳои бузурги  Шароф Рашидовро, ки барои мустаҳкам гардидани дӯстии ду халқ–тоҷику ӯзбек сар карда буд, имрӯз  бо сарварии ду кишвар Эмомалӣ Раҳмон ва  Шавкат Мирзиёев  идома ёфта истодааст, ки ба ҳама хурсандӣ мебахшад. Бо шарофати сиёсати оқилонаи сарвари ду кишвар Эмомалӣ Раҳмон ва Шавкат Мирзиёев дӯстии  ду халқ– тоҷику ӯзбек, ки аз азал ҳамхуну ҳамҷон, гӯшту нохун  буданд, рӯз аз рӯз инкишоф ёфта, риштаҳои он боз ҳам мустаҳкамтар  шуда истодааст.  Муносибатҳои ҳамсоягӣ низ ба сӯи хубӣ тағйир  ёфт. Робитаҳои фарҳангӣ, адабиёт ва санъат  ба зинаҳои баланд бардошта шуд. Барои рушди дӯстии ду халқ уфуқҳои рангоранг кушода шуда  шароити  мусоид фароҳам гашт ва анъанаҳои хуб аз нав барқарор гардид.

Дар байни ду кишвари дӯсту бародар ба роҳ монда шудани рӯзҳои  адабиёту фарҳанг, ифтитоҳи роҳи ҳавоии Душанбе-Тошкент-Душанбе, аз нав барқарор гардидани хатсайрҳои  қатора, густариши савдо ва ниҳоят барои осон гардидани гирифтани раводид  чора ва тадбирҳои судманд  андешидани роҳбарони ду кеишвар боиси хушнудӣ аст.

Ба наздикӣ боз як хушхабар паҳн шуд. Ба яке аз  стансияҳои нави метрои Тошканд номи шоири маъруфи тоҷик, Қаҳрамони Тоҷикистон Мирзо Турсунзода дода шуд.

Ин тадбирҳои фараҳбахш, ки барои мустаҳкам гардидани дӯстии ду халқ– тоҷику ӯзбек ёрии калон  мерасонад, шаҳодат медиҳад, ки дар муносибатҳои ду халқ дигаргуниҳои сифатан навро пайдо намояд.

Ташрифи Сарвазири Ҷумҳурии ӯзбекистон Абдулло Ориповро саршавии корҳои бузурги навбатӣ дар дӯстии  халқҳои тоҷику ӯзбек арзёбӣ  кардан мумкин. Чӣ тавре ки Президенти  Ҷумҳурии ӯзбекистон Шавкат Мирзиеёв таъкид намуд, мақсад аз ташрифи Сарвазир барои  сафари ӯ шароит муҳайё кардан аст. Дар назар аст, ки дар  арафаи Ҷашни байналмилалии  Наврӯз  гузаргоҳи Саразм- Ҷартеппа  дар марзи Панҷакент  бо вилояти  Самарқанд баъди 8 сол аз нав кушода шавад ва дар маросими  ифтитоҳи ин гузаргоҳ роҳбарони Тоҷикистону ӯзбекистон Эмамолӣ Раҳмон ва Шавкат Мирзиёев иштирок кунанд.

– Дар ҷараёни тайёрӣ ба сафари Тоҷики стон  бо Абдулло Орипов, мо шартномаҳои бузургро ба имзо мерасонем. Роҳи оҳан ба Тоҷикисон кушода мешавад, хатҳои интиқоли неруи барқ  ҳам кушода мешавад.. Касе моро намебахшад , агар ҳама чиз хуб нашавад. Мо ин корро мекунем. Вале шикастани яхи 20-сола  кори осон нест,– гуфт  Шавкат Мирзиёев  дар ҷаласаи  ҳукумати  ӯзбекистон,ки  дар арафаи соли нав баргузор гардид…Бояд  хатти оҳани  тахрибшударо  аз нав бунёд кард, бояд  марзро аз минаҳо  поккорӣ намуд, то ки барои баҳс  дар оянда замина намонад, бояд газро ба Тоҷикистон  арзон доду аз ин ҷо неруи барқи  арзон гирифт… Бояд тарифҳои гузаронидани молу маҳсулот паст гардад, бояд монеъгиҳои савдо бартараф шавад, ва ниҳоят дигар масъалаҳои доир ба сарҳади давлатӣ низ ҳалли худро ёбад…

Чӣ қадар суханҳои нарм ва ҷасурона. Орзую  ниятҳои ба дил наздик ва хурсандовар. Зеро ин ду халқи ҳамдӯш ва ҳамсояи наздик дирӯз ҳам, имрӯз ҳам, дар оянда ҳам бе якдигар, бе дароз кардани бо дасти ёрӣ ба ҳам  зиндаг карда наметавонанд. Танҳо бо ҳамин роҳ,ки  имрӯз абарқудратҳо  дунёро бори дигар  тақсим кардан мехоҳанд ва манфиатҳои худро  аз манфиатҳои мардуми минтақа  боло гузаштанӣ мешаванд, муқобилият  намоянд.   Танҳо ба воситаи якдигарро фаҳмидан, ҳамкории сундманди  ҳар ду тараф ба муваффақият  ноил гардидан  мумкин. Суханҳои Президенти Ҷумҳурии ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев, ки  дар боло зикр намудем, дар ҳақиқат ба таҳсин сазовор аст.

Имрӯзҳо чашми халқҳои ҳар ду тараф ба  вохӯрии  сарварони ду кишвар, ки бояд  ба дараҷаи олӣ гузарад, дӯхта шудааст. Баъди ин вохӯрӣ мегӯянд онҳо, муштаракии  фарҳанг, адабиёт ва санъати ду халқ таъмин гардад,  баромадҳои матбуот ва телевизор низ тағйир ёбад.Чароғи  бо дасти мубораки   сарварони ду кишвар афрӯхта шуда ба ҷомаи амал пӯшидани чандин орзуву умедҳо  равшанӣ дихад, ба корҳои нек ҳидоят намояд.

Ҳозир чор кас якҷоя  шавад,   Шавкат Мирзиёев дар муносибатҳои ҳамкорӣ ва ҳамсоягии ӯзбекистону Тоҷикистон инқилоб карданӣ, гуфтанӣ суханҳоро мешунавад. Суханҳои холисона  ва самимонаи ӯ нисбат ба ҳамсояи наздики  худ Тоҷикистон, дасти дӯстӣ  дароз намуда,  бародар бошем, иттифоқ бошем,  гуфтани ӯро шунида ба суханҳояш бовар кардан мумкин.

Дар навбати худ Президенти Ҷумҳурии мо суханҳои ҳамсояи  наздикамон Шавкат Мирзиёевро тасдиқ намуда, «дӯстии халқои тоҷику ӯзбек амри Худованд аст», гуфт.

– Дӯстии  Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ ва Амир Алишери Навоӣ намунаи  дӯстии  халқҳои тоҷику ӯзбек ба шумор меравад, –таъкид  намуда буд  Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз суханрониҳояш.—Муносибати Ҷомӣ  ва Навоӣ   намунаи барҷастаи  дӯстӣ ва самимияти  пиру мурид мебошад, ки  ҳеҷ ғараз надошт.

Шубҳае нест,  ки ин муносибатҳои ҳамсоягӣ рӯз аз рӯз инкишоф меёбад, боз ҳам мустаҳкамтар мегардад. Зеро дарахти дӯстие,  ки аз сарчашмаҳои асрҳои дур об мехӯрад, боғбон дорад. Дарахти дӯстие,  ки сарварони ду кишвари бузург боғбонӣ мекунанд, нашъунамо ёфтан мегирад. То даме,  ки  роҳбарони оқилу донои ду кишвар ҳастанд, кӯпруки дарахти  дӯстӣ  мустаҳкам буда,  дилҳоро ба якдигар пайванд кардан мегирад.  Кӯпруке,  ки пояи он  аз сангҳои адаб ва ҳикмати бузургони мо қомат афрохтааст ва бо  гавҳари ноёб оро дода шудааст, безавол ва бешикаст аст.

Сулаймон Эрматов,

узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон.

P.S. Варианти ӯзбекии мақоларо дар нишонии зер метавонед, мутолиа кунед:

http://uza.uz/oz/politics/d-stlik-darakhtining-bo-bonlari-bor-19-02-2018

 


Поделиться новостью в социальных сетях:

Leave a Reply