Боздоштани сохтмони театри миллӣ то 100 солагии Мушаррафа Қосимова

ФАРҲАНГ ВА АДАБ, ХАБАРИ ТОЗА

Сохтмони театри миллӣ – яке аз бонуфузтарин иншоотҳои Тоҷикистон муваққатан боздошта шудааст. Ин нуктаро Вазири фарҳанги Тоҷикистон Шамсиддин Орумбекзода зимни нишасти матбуотии ниҳоди тобеъаш иттилоъ дод. Вазир гуфт, ки сохтмон бо сабаби “мушкилоти молӣ муваққатан боздошта шуда, ба наздикӣ сохтмончиён ба кори худ идома хоҳанд дод”

  • Ин иншоот хеле бузург аст. Ва маблағҳои барои он ҷудогардида низ хело калон. Сохтмони ин театр то соли 2019 ё 2020 ба нақша гирифта шудааст ва умед дорем, ки дар ин давра ба итмом мерасад.

Ҳамчунин, вазир иттилоъ дод, ки соли равон Фестивали Театрҳои лухтак – “Чодари хаёл” баргузор гардида, вазорат лоиҳаи баргузории як фестивали байналмиллалии театриро бо номи Фестивали “Наврӯз” ба нақша гирифтааст.

Дар робита ба ин дар мавриди таҷлили Ҷашни 100 солагии Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Мушаррафа Қосимова бошад, Орумбекзода гуфт: “Таҷлили ҷашни 100 солагии муаллима дар нақшаи вазорат ҳаст. Аммо дар кадом сатҳ ва доира номаълум. Зеро саломатии Мушаррафа Қосимова барои ширкат дар ҷашни бошукӯҳ имкон намедиҳад.”


Поделиться новостью в социальных сетях:

3 комментарий

  • Ман эхтиромона хохиш мекардам,ки хамин Нооромбекзода ба истеъфо раванд. Чунки инкас аз хад гузаронданд. Забони модариро хуб намедонанду бо либоси милли гуфта гап мезананд. Дар ихтиери инкас бошад хама духтаро мениюпка мепушанд.

  • Пешниход: бояд хамаи мардон токичаи помири дошта бошанд ва онро дар чашну маросимхо дар сар гузоранд. Агар нагузоранд дар хачми 846 нишондиханда е худ ба маблаги 42хазору 300сомони чаримабанди карда шаванд.

Leave a Reply