Даргузашти Нурмуҳаммад Ниёзӣ – Шоири халқии Тоҷикистон

ФАРҲАНГ ВА АДАБ, ХАБАРИ ТОЗА

Зуҳри имрӯз дар шаҳри Хуҷанд қалби Шоири халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи адабии ба номи Камоли Хуҷандӣ, дорандаи Ордени “Шараф” Нурмуҳаммад Ниёзӣ аз тапидан бозмонд. Шоир чанд рӯзи охир дар бистари беморӣ буд.

Нурмуҳаммад Ниёзӣ 20 сентябри соли 1946 дар деҳаи Рӯмони ноҳияи Хуҷанд (ҳозира ноҳияи Бобоҷон Ғафуров) ба ҷаҳон омадааст. Таҳсилро дар мактаби миёнаи зодгоҳаш оғоз карда, дар шаҳри Хуҷанд анҷом додааст. Дастпарвари факултаи филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И.Ленин буда, ду сол дар сафи Артиши Шӯравӣ хидмат кардааст. Фаъолияти меҳнатиро чун омӯзгор оғоз бахшида, баъдан дар Кумитаи садо ва симои вилоят ва ҳафтаномаи «Маданияти Тоҷикистон» ба ҳайси мухбир фаъолият бурдааст. Чанде ходими Маркази тарғиби адабиёт, солҳои 1989-1994 котиби масъули шуъбаи Суғди Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон будааст. Аз соли 1994 раиси Иттиҳодияи адибони ҷавони вилояти Суғд мебошад. Барои китоби шеърҳои «Аз ҳама дур» сазовори Ҷоизаи ба номи Камоли Хуҷандӣ гаштааст. Аз шоирони соҳибзавқ буда, дар ашъораш асолату балоғати забони шевои модариро таҷаллӣ сохта, дар тасвири манзара, офаридани образҳо ва корбурди васоити суханороӣ муваффақ аст. Мекӯшад баёнгари дарди миллат ва дармонбахши он бошад, хонандаро ба худогоҳию хештаншиносӣ ва эҳтироми армонҳои миллӣ ҳидоят кунад. Аз соли 1980 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон мебошад.

 Офаридаҳояш дар авроқи китобҳои «Ниҳоли навбар», «Санги сабз», «Оташи санг», «Аз ҳама дур», «Офтоби сӯхта», «Сафари шаҳри ишқ», «Васли танҳо», «Зангӯла зан!», «Реша дар санг», «Дарёи дигар», манзумаҳои «Ангораи тавонгардил», «Тахти тоҷик» ва ғ. мебошад. Соли 2012 Нашриёти давлатии ба номи Раҳим Ҷалил (Хуҷанд) «Девони ғазалиёт»-и ӯро дастраси хонандагон намудааст.

 


Поделиться новостью в социальных сетях:

3 комментарий

  • Ба наздикони устод сабри ҷамл мехоҳам. Шоири бузург шоистаи ҷаннат гарданд.

  • Рухашон шод бод. Ба фарзандону пайвандон сабри чамил хохонам.

  • Рухатон шод боду хонаи охирататон обод бод падарчони азиз

Leave a Reply