Фурӯши иҷбории билетҳо ба омӯзгорон

ОСИЁИ МАРКАЗӢ, Узбекистон, ФАРҲАНГ ВА АДАБ, ХАБАРИ ТОЗА

Дар ноҳияи Дӯстлики вилояти Ҷиззах омӯзгорони мактабҳоро маҷбур доранд, билети намоишномаи театрии ҳунарманди мардумии Ӯзбекистон Мурод Раҷабовро бихаранд. Вале дар билетҳо ҷои нишаст ва санаи баргузории намоишнома қайд нашудааст.

Омӯзгори яке аз мактабҳои Дӯстлик 6 декабр гуфт, мудири мактаб ӯ ва ҳамкоронашро маҷбур кард, билети намоишномаро 8-ҳазорсӯмӣ (ҳудуди 10 долларӣ) бихаранд. «Омӯзгорони мактабҳои шаҳрӣ эҳтимол аст, барои тамошои намоишнома раванд. Вале билети ин намоишнома барои омӯзгорони деҳот чӣ лозим аст?», — афзуд ҳамсуҳбати мо.

Бархе аз омӯзгорони Ҷиззах шикоят доранд, ки дар билетҳо макони нишаст ва рӯзи намоиш оварда нашудааст. «Мо ҳатто намедонем, ки он кай баргузор мешавад. Вақте аз шахсони билетфурӯш пурсидем, гуфтанд, ки худашон баъдан дар бораи рӯзу макони намоиш хабар медиҳанд. Баҳори имсол низ иҷборан билети консертеро фурӯхтанд. Вале баъд аз харидани билетҳо фаҳмидем, ки он аллакай баргузор шудааст. Ин бор билети намоишномаи Раҷабовро оварданд ва гуфтанд, ки онҳоро бояд бихаред», — изҳор дошт як зани омӯзгор аз Ҷиззах.

Мудири яке аз мактабҳои Дӯстлик низ иқрор кард, ки натавонист сухани раҳбарияти маорифи ноҳияро рад кунад ва даҳ билети намоишномаи Раҷабовро гирифт. «Шумо медонед, ки мо ҳаққи баррасии фармони раҳбарияти ноҳияро надорем. Маҷбурем, иҷро кунем. Агар эътирозе кунем, гуруҳеро барои санҷиш ба мактаб мефиристанд ва барои мо мушкилиҳои зиёде эҷод хоҳад шуд», — гуфт мудир.

Вале дар Идораи маорифи ноҳияи Дӯстлик хабари фурӯши иҷбории билетҳоро ба омӯзгорон рад карданд. «Худи омӯзгорон муроҷиат карда гуфтанд, ки дар пайдо кардани билети намоишнома ба онҳо кумак кунем», — гуфт як масъули ҳукумати ин ноҳия.


Поделиться новостью в социальных сетях:

Leave a Reply