Имомзода: Диссернет илм нест, ки мо посух гӯем…

ФАРҲАНГ ВА АДАБ, ХАБАРИ ТОЗА

Муҳаммадюсуф Имомзода ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон мегӯяд, ки иддаои пойгоҳи “Диссернет”-ро дар мавриди дуздӣ будани асарҳои олимони тоҷик қабул надорад.

“Мавзӯъи Диссернет мавзӯъи илмӣ нест, ки мо ба он посух диҳем. Масъалаи дигар он аст, ки мо ба шаъни худ лоиқ намедонем, ки бо як пойгоҳи интернетӣ баҳс намоем. Агар баҳси илмӣ бошад, марҳамат мо омодаем, ки баҳс намоем.”- гуфт академик Имомзода.

Ҳамчунин ӯ изҳори норизоӣ кард, ки  журналистон дар масъалаи “Диссернет” бо мутахассисони соҳа мусоҳиба анҷом надода, аз ин мавзӯъ ҳангома намуданд.

“Асолан антиплагиат чист? Ин базаи маълумотҳост, ки матни унвонҷӯро бо асарҳои қаблан нашршуда муқоиса менамояд. Антиплагиат нахуст ранг ва ҳаҷми матнро мушаххзас менамояд, аммо асли онро не. Бинобар ин бояд хулосаи антплагиатро мутахассис аниқ намояд.”- гуфт Имомзода.


Поделиться новостью в социальных сетях:

Одна комментария к “Имомзода: Диссернет илм нест, ки мо посух гӯем…

  • Беҳтарин посух. Ман тарафдори суханҳои Шумо ҳастам устоди азиз.:

    Олимаи ҷавон

Leave a Reply