Нигора Холова хушбахтиашро дар оила мебинад

ФАРҲАНГ ВА АДАБ, ХАБАРИ ТОЗА

Нигорабону, имсол дар ҳаёти шумо чӣ гуна сол буд?

-Соли бобарор буд, зеро ба шаҳри Дубай сафар карда, суруди “Ҷилваи дарё”-ро клип намудам. Духтарчаам Амира боғчаравак шуд ва боз чандин хушиҳои дигарро ин сол ба ман ҳадя намуд.

-Аксари бонувони сароянда ҳамин ки шавҳар карда, модар шуданд, дигар дасту дилашонро аз санъат мешӯянд, вале мебинам, ки шумо хеле фаъол ҳастед…


Хушбахтона шавҳарам маро хеле хуб мефаҳмад ва дастгирӣ мекунад. Дар пешравии ҳунари ман ҳамсарам нақши босазо гузошта истодааст. Умуман, оила такягоҳи асосии инсон аст. Оилаат тинҷу обод бошад, дилат ба зиндагӣ гарм шуда, қуллаҳои нав ба навро фатҳ менамоӣ…


Дар соли Хук шумо ва бародаратон Суруш чӣ нақшаҳо доред?

-Аввали сол консерти якҷояамонро баргузор карданием. Мехоҳем хотири тамоми мухлисонамонро бо таронаҳои ҷадиди хеш шод гардонем.
-Дар базми солинавӣ баромад мекунед?

Бале, таронаи наве дорам бо номи “Маҷнун” ва онро шаби Соли Нав ба ҳаводорони ҳунарам тақдим менамоям.

Сӯҳбаторо: Рустам


Поделиться новостью в социальных сетях:

Leave a Reply