Шеърҳо аз Ниҳонӣ — Тоҷикистон

ФАРҲАНГ ВА АДАБ

Ниҳонӣ аз шоирони хушсалиқа ва хушбаёни тоҷик аст, ки сурудаҳояш дили инсонро тасхир мекунанд. Гарчанде касби асосиаш ба адабиёт иртибот надорад, аммо дар саросари ашъораш метавон муҳаббати ӯро ба адабиёти ғиноӣ дарк намуд. Дар ашъори Ниҳонӣ тараннуми зебоиҳои Тоҷикистон, дастовардҳои Ватан, қаҳрамониҳои Пешвои миллат таҷаллӣ мекунад. Шеърҳои ӯ аслан хусусияти иҷтимоӣ доранд. Забони ашъораш сода, салис ва зебост. Ин аст, ки зуд ба дили хонанда роҳ меёбад.

Муқаддасоти об

Як аҷнабие нишаста бо марди аҷам

Дар баҳсу мунозира ба сад кибру ҳашам.

Гуфто аҷамӣ, ки банди кору амалем,

Мо миллати бе кину ғараз аз азалем.

Ҳастию муқаддасоти мо — оби зулол,

Ҳам Ваҳдату Пешвову ҳам Истиқлол.

Гарчанд надорем ба мисли дигарон

Сарват зи фурўши махзану ганҷи гарон.

Морост агар захираҳо зери замин,

Оянда бидуни об набвад эмин.

Дороии мо ҳаст зи ранҷи деҳқон,

Аз ҳикмати Пешво ба ҳар давру замон.

Дастаҷамъӣ асоси ободии мост,

Барномаи об раҳнамои Пешвост.

Он шахс ба кибр гуфт:  умре хоред,

Заб зиндагию муқаддасоте доред.

Морост муқаддасот танҳо газу нафт,

Беш аст зи интиқоли пул омаду рафт.

Не шоҳу амиру мулкдоре ба ҷаҳон

Ҳамчун газу нафт нест фоидарасон.

Хоҳем харем гилу об аз ҳамагон

Бо ивази пули нақд, ин ҳаст осон!

Азбаски ҳама бузургу покавлодем,

Аз мушкилҳо тамоми умр озодем.

Бигзашт басе замонаҳое зи миён,

Нафту газашон адо шуд аз гил ба ҷаҳон.

Ҳар сў ҳамагон паҳну пароканда шуданд,

Дар бодия аз бепулӣ афканда шуданд.

Бифрухта чизу чораи бе дарди миён,

Кобанд маводи сухт аз баҳри амон.

Ҷустанду наёфтанд аз баҳри наҷот

Дар соҳили баҳр қатрае оби ҳаёт.

Биншаста ба киштиҳо, шуда роҳсипор,

Дар ҷустани об ба ҳама самт қатор.

Боде шуду бурд чанд киштӣ бо ҳам

Дар як нафасе расонд бар мулки Аҷам.

Аз киштӣ нагуфт аҷнабӣ: нонам ту бидеҳ,

Ман ташнааму об ба ҷонам ту бидеҳ.

Гуфто: дидам Аҷам аҷаб мулки худост,

Ин ҷо самари ҳаёт беҳтар аз мост.

Ҳар кас нарасад ба дарки иқдоми Шумо,

Беқадрӣ кунад ба об, гардад расво!

Дид аҷнабӣ об аст на шўру на ғализ,

Ширину мусаффо асту хуштамъу лазиз.

Диданд фузун шаршараю фаввора,

Мардум пайи зиндагии худ овора.

Кўҳҳои баланд обшорон диданд,

Яхмахзани пирях намоён диданд.

Аз НОБ-и аҷам равшанӣ эҷод кунанд,

Ҳар манзилро гарм зи буғбод кунанд.

Ҳидрогену оксиген чу маҳлул шавад,

Чун H2O об маҳсул шавад.

Як литри об асоси вазну ченак,

Вазни хоси ҷисм, кашфаш аз об кўмак.

Аз қатраи об шуда одам пайдо,

Саргарм ба зиндагию умре шайдо.

Аз об шири сафеди модарҳо аст,

Тобанда ҷилои дури ахтарҳо аст.

Аз об гиёҳи рапс рўяд ба замин,

Аз рапс бурун шавад газу нафт, яқин.

Аз об равад қатора, ҳам тайёра,

Аз абри само сабз шавад сайёра.

Бинанд зи об кўдакон бахту нишот,

Сарчашмаи зиндагию ҳам сулҳу субот.

Покиза аз ў замину ҳам коинот,

Гирад баҳра гиёҳу ҳам ҳайвонот.

Хуршед барояд, обҳо ҷорӣ ҳаст,

Маҳтоб расад, зи абрҳо ёрӣ ҳаст.

Дар об фитад сурати маҳтоб ба шаб,

Аз партави об нури хуршед аҷаб.

Аз об расад шифои дарди мардум,

Аз гардиши осиёб нони гандум.

Бо об бишўянд зару дуру гуҳар,

Чун об шавад тилло бигардад зевар.

Аз об шавад ҳам лавашу нону хлеб,

Ё бреду броту хабазу пейни базеб.[i]

Мулкони зиёд дар ҷаҳон беобанд,

На ҳар ватане мисли Аҷам серобанд.

Ҳақ ҷониби Ҳақ, ҳаловати ду дунё,

Фармуд дар ин кишвари ҷаннатосо.

Сарчашма ҳаёт гирад аз оби зулол,

Аз қуллаи куҳи Тоҷикистон ҳар сол.

Сероб Ватан зи чашмаҳои нилгун,

Сайҳун ба Арал резад ҳамчун Ҷайҳун.

 

Хушкист магў ту қисмати баҳри Арал,

Обанбори Роғун кунад ин мушкил ҳал.

Аз кўли Сарез то кули Искандар,

Заркўлу Сияҳкўл ва чандини дигар.

Обод зи Рангкўл дашти Мурғоб,

Аз ҳавзаи Ҳафткўл водӣ сероб.

НОБ-и Норак, Сангтуда, Сарбанд,

Бойғозиву Қайроқуму Вахшу Дарбанд.

 

Не тоҷу на тахт асоси умри инсон,

Об аст ҳаёту давлати ҷовидон.

 

Кам ҳаст оби ошомии сайёра,

Дар Марс уламо баҳри об овора.

 

Барномаи оби мост нақши ҳамагон,

Ҳар нуктаи Қатънома  шоҳид бар он.

Беҳуда набуд, кулли уламои ҷаҳон,

Карданд қабул он қарори ООН.

Гуфто Пешво з-ин муқаддасоти гарон,

Бин шеъри Ниҳону  мўъҷизоти Яздон.

 

[i] Нон: лаваш-туркӣ, хлеб — русӣ, бред — англисӣ, брот — немисӣ, ҳабаз — арабӣ, пейн – франсузӣ.

***

НОБи «Роғун»

 Пешво ташриф оварду бидид аъмоли НОБ,

Коркарди нақбҳо, агрегату сарбанди об.

Пешдарғот аст асос аз баъди азми Пешво,

Пайки дарғот омаду маҷрои дарё шуд ҷудо.

Авҷи кор аз боздиди Пешво акнун дучанд,

Коргарҳо дар шумар панҷу даҳу нисф аз сипанд.

Сесаду сеяк зи сад сарбанд бартар дар назар,

Гар баланд аз ин бувад ҳам, бар касе набвад хатар.

«Боғ»-и русӣ ин шумори нақбҳо дар НОБ ҳаст,

Севу се нул ҳаҷми куби воридоти об ҳаст.

Нақбҳо тайёр, фавҷи об таҳвиле шавад,

Баъди дарғоташ фишори об такмиле шавад.

Сохтмони НОБ-и «Роғун» маншаи ободӣ аст,

Халқ ахири соли ҳаждаҳ интизори шодӣ аст.

Мешавад анҷоми он таъмини барқи халқамон,

Барқ изофа чун шавад, бидҳем бар ҳамсоягон.

НОБ-и «Роғун» -ро расад рўзе агар кораш тамом,

Иқтидори Тоҷикистонро кунад равшан мақом.

[1] Нон: лаваш-туркӣ, хлеб — русӣ, бред — англисӣ, брот — немисӣ, хабаз — арабӣ, пейн–франсузӣ.

شعرها از نهانی — تاجیکستان


Поделиться новостью в социальных сетях:

Leave a Reply