Журналистони ӯзбек дар Хатлону Суғд

Узбекистон, ФАРҲАНГ ВА АДАБ, ХАБАРИ ТОЗА

Гурӯҳи  рӯзноманигорон аз Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба вилояти Хатлони Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф меоранд.

Тавре аз мақомоти  иҷроияи  ҳокимияти давлатии  вилояти Хатлон  иттилоъ  доданд,  рӯзноманигорони  Ӯзбекистон  зимни сафар  ба  маркази  маъмурии  вилояти  Хатлон  шаҳри Бохтар  ва  навоҳии  Данғараву Муъминобод  сафар  намуда,  аз  мавзеъҳои  сайёҳӣ,  таърихиву  фарҳанги  шаҳру навоҳии  номбурда  дидан намуда,   бо иштироки онҳо мулоқотҳо барпо  мегарданд.  Шиносоии ҳайати рӯзноманигорони Ӯзбекистон  ду  рӯз  идома  меёбад.

Тавре қаблан иттилоъ додем, имрӯз 7 август гурӯҳи рӯзноманигорон аз Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба шаҳри Хуҷанд ташриф оварда, аз  мавзеъҳои  таърихии  минтақаи иқтисодии  вилояти  Суғд  дидан  намуда,  ҳамзамон  аз  шаҳру  навоҳии Бӯстон, Гулистон, Бобоҷон Ғафуров, Истаравшан, Шаҳристон, Панҷакент ва Душанбе боздид ба амал меоранд.


Поделиться новостью в социальных сетях:

Leave a Reply