Зиона Чана 39 ҳамсар дораду боз зан мегирад

Наход, ФАРҲАНГ ВА АДАБ

 Калонтарин оилаи ҷаҳон, дар Ҳиндустон зиндагӣ мекунад.

Зиона Чана, ки  соҳиби 39 ҳамсар, 94 фарзанд ва 33 набера мебошад, ба китоби Рекордҳои Гиннес дохил шуд.  Ӯ  мегӯяд, ки марди хушбахтарини дунё аст. Оилаи Чана ҳамагӣ 181 нафар буда,    дар хавлии калони дорои 100 хуҷра, зиндагӣ мекунанд.

Аъзоёни ин оила худро хушбахт ҳис мекунанд ва то хол байни ягон ҳамсарон ҷангу низоъ ба вуқуъ напайвастааст. Онҳо корҳои хонаро  бо навбат иҷро мекунанд. Зион Чана дар мусоҳиба бо хабарнигорон гуфт, ки барои як хӯроки нисфирӯзии оилааш 50 кг картошка ва 82 кг биринҷ сарф мекунад. Ҳамсарони ин марди хушбахт мегӯянд, ки мо аз зиндагиямон розием ва фахр мекунем, ки бо чунин марди зебо зиндагӣ мекунем. Синни Зион Чана ба 67 расида бошад, ҳам ният дорад  боз як духтари дигарро, ки аз  Амрико мебошад, ба никоҳаш дарорад.

Таҳияи

Уғулой ҚУТБИДДИНЗОДА


Поделиться новостью в социальных сетях:

Leave a Reply