Зодаи  СССР. Ӯ бо асобағал низ  худро хушбахт ҳис мекунад

Слайдер, ФАРҲАНГ ВА АДАБ

 

Бо ин бонуи наҷиб мо соли 1988 дар Афғонистон шинос шудем. Ӯ он замон инструктори отряди агитатсионӣ дар Шинданд  буду  бо сарбозон таҳти ҳимояи техникаи зиреҳпӯш ба деҳаҳо сафар мекард ва «ёрии гуманитарӣ» тақсим мекард. Вақте ки бароям бо ӯ ҳамроҳ рафтанро пешниҳод намуданд, он рейди 208-умаш  ба шумор мерафт.

«Напарронед!  Ин корвони сулҳҷӯёна аст. Мо бароятон озуқа ва карасин овардаем. Напарронед!» — ин суханон бо забони дарӣ  аз баландгӯяки  «автолавка»  ҳангоми ба як деҳаи наздики Ҳирот наздик омадан садо дод. Рафти тақсимоти «ёрии гуманитарӣ», ки таҳти тӯпҳои танку БТР-ҳои ҳар лаҳза омодаи оташкушоибуда қарор дошт ва деҳаро ба ҳалқа гирифта буданд, касро ба ҳайрат меовард.

Дар  СССР  он вақт    Афғонистонро ба таври дигар тасвир мекарданд.

Мавлуда то ин дам  инструктори Кумитаи шаҳрии комсомоли Душанбе шуда, кор мекард.  Хаёлпараст буд: «Коғазбозӣ – ҳисоботи беохир, маълумотдиҳӣ ба дилам зад». Аз ин рӯ, хоҳиши ба Афғонистон рафтан кард. То омадани мо ӯ дар он ҷо беш аз як сол буд. «Баъзан  гузаштаро пеши рӯ меорам. Наход ки ман ҳамаи инро таҳаммул карда бошам?» — иқрор шуда буд вай он замон. Вале аз ҳеҷ чиз дареғаш намеомад: «Фақат баъзан орзу мекунам, ки  ақаллан ним соатак дар хонаамон бошаму дилам осуда шавад, ки он ҷо ҳамааш хуб аст  ва зуд бозгардам. Охир ҳатто имкони занг задан надорам».

Пас аз ин мо ба Москва парвоз кардему ӯ дар ҳамон ҷо монд – «Қарзи интернатсионалистӣ». Дар нашрияи «Собеседник» матлабе чоп шуду мо дигар бо ҳам вонахӯрдем. Овозаҳое ба ман мерасиданд, ки бахташ омад карда, ҳангоми яке аз рейдҳо корвони бригадаи агитатсионӣ ба муҳосира меафтад ва аксари сарбозони БТР-и онҳоро ҳифзкарда ба ҳалокат расиданд, аммо ӯ фақат «контузия» гирифтааст.

Баъд аз ин ӯ аз самолёти оташгирифтаи афтодаистода  наҷот ёфтааст. Моҳҳо дар госпиталҳо табобат гирифта, бо ордени «Нишони Фахрӣ» мукофотонида шудааст.Сипас. СССР пош хӯрду ман дар бораи ӯ дигар чизе нашунидам.  Вале чанде пеш дар Фейсбук (ташаккур ба сомонаҳои иҷтимоӣ!) –  номи шиносро хондам. Аммо бо дигар насаб — Мавлуда Тешабоевна Турсунова, ҷойи кораш директори мактаби №6-и Вазорати дифои Русия. Мукотиба кардем, ки аниқ ӯ будааст. Маслиҳати мулоқот шуд.

Мо 29 сол боз ҳамдигарро надидаем, лек ӯро дарҳол шинохтам. Ӯ имрӯз ҳам зебосанами шарқист.  Барои мулоқот бо «журналист аз Москва» бо худ ду дугонааш ва духтари амсоли худаш хушрӯ Маликаро оварда буд.

— Мавлуда, шумо ҳеҷ тағйир наёфтаед, ки бовари кас  намеояд, — рости гапро ба забон овардам ман.

— Кошкӣ, — хандид ӯ. – Ман ба ин ҷо бо таксӣ омадам. Ронанда суръатро тезонида буд, ки хоҳиш кардам: — «Илтимос, охиста ронед, ман духтарам Маликаро бояд ба шавҳар диҳам». Ман пештар боҷуръат будаму дар назарам, ҳодисаҳои гузаштаро ман паси сар накардаам.

Дар рӯзи мулоқот мо бо ҳамкорони маҳаллии худ ба НБО-и «Норак», ки аз Душанбе 50 км дур воқеъ аст, сафар кардем. Аз ин рӯ, ба мулоқот андаке дер расидем. Ман, нӯги асобағалҳоро, ки аз таги миз намоён буданд, дарҳол надидам. Мавлуда аз нигоҳам пай бурда, фаҳмонд:

— Ин натиҷаи ҳамон садама мебошад. Баъди ҷароҳат   буғуми кафу поям вайрон мешавад. Чанде пеш аз КТ гузаштам. 4 моҳ пас  бояд боз гузарам. Буғумамро иваз карданд, коллапан ҳамроҳ намуданд. Мекӯшам ҳаракатнокии кафу поямро нигоҳ дорам, аммо кафолат нест. Баъд шумо маро нағз медонед-ку: ду моҳ бо асобағал кор кардам, — ҳам медаваму ҳам мерақсам. Иншооллоҳ, ҳамааш хуб мешавад!

 Нақле ки вай дар бораи он рӯзи наҳс мекунад, боварнокарданист. Он лаҳзае буд рӯзмарра, бидуни каломи баланд дар бораи қаҳрамонӣ.

— Майи соли  1988. Мо аз  Кобул дар  Ан-26,  бо 12 нафари парашютдор парвоз кардем. Ҳарчанд ин мумкин набуд, пеш аз парвоз нафари сенздаҳум нишаст. Аз хаёлам гузашт: рақами 13 рамзи хушбахтист, зеро 13 октябр зода шудаам. Самолёт ба боло мебаромад, ки нохост ҳодисае сар зад – ё  он бо  стингер бархӯрд ё муҳаррикаш даргирифт, намедонам. Сарнишинон тавонистанд, ки онро шинонанд – аз хат берун, аз пушти тавора. Дар атроф бошад, майдони пурмина – он замон дар ҳамаи фурудгоҳҳои Афғонистон чунин мекарданд. Командири экипаж, капитан, ҳамаи моро аз варта баровард. Баъдҳо фаҳмидам, ки ӯ дар парвози дигараш ҳалок гардидааст. Ғалтону хезон мерафтем, ки моро ёфта, ба фурудгоҳ оварданд ва бо самолёти дигар равон карданд…

Вақте ки ӯро ба қисм оварданд, ӯ худаш то модул рафта расид. Ошуфтаҳол дар кӯфт. Дарро ба рӯяш дугонааш Наташа кушод. Соати 3-и шаб. Чой нӯшиданд. Ҳамааш пагоҳӣ сар шуд. Дарди сахти сар, қайкунӣ. Дар госпитал гуфтанд, ки косахонаю мағзи сараш лат хӯрдааст. Табобаташро дар СССР карданд.

 — Мавлуда, як рафиқи ман,  ки  солҳо дар Афғонистон  буд, мегӯяд, ки ҳамааш бефоида буд. Шумо чӣ андеша доред?

 — Ба фикрам, ин мавзӯъ дигар лоиқи баҳс нест. Ҳар як кас доир ба шудаю нашуда назари хешро дорад. Аммо, ба ҳар ҳол, он солҳо  хуб ва одамонаш низ хуб буданд. Ёд дорам, ки кадом як сарбозе  аз Тошканд бароям гули хушккардае туҳфа овард, он гулро  то кунун нигоҳ медорам. Имрӯз бошад, ба духтарон 100 дона садбарг туҳфа мекунанду онҳо ба қадраш намерасанд. Шояд ман бори дигар ба он ҷо мерафтам. Вале андешаи духтарам ба ин монеа мешавад. Маликаҷон маликаи ман, тамоми ҳаёти ман аст. Ӯ моҳи май 20-сола  мешавад. Ман ҳамеша андешаи духтарамро мекардам. Ҳамин ки ба Кобул мерасидам, аз дӯкон барояш куртачае мехаридам. Аммо Парвардигор ӯро  бароям дар 35-солагӣ ато намуд. Шояд аз ҳамин сабаб ӯро аз ҷон бештар дӯст медорам. Баъзан фикр мекунам, ки набояд бо як фарзанд қаноат кард. Афсӯс ки зиндагиам ин тавр сурат гирифт.

 Дар оилаи онҳо фарзандон 5 нафар буданд. Тавре Мавлуда бо ифтихор  мегӯяд, волидон аз онҳо одамони шӯравиро ба воя расонданд – бародари калониаш зани украинӣ гирифт, миёнааш ба тоҷик ва хурдиаш ба осетин хонадор шуд. «Мо куллан интернатсионалем» (механдад ӯ).

— Падару модарам – идеали ман, ибратбахшам мебошанд. Ҳар ду солҳои 1942-46 дар  Афғонистон фаъолият намуда буданд, вале дар ин бора ҳеҷ гоҳ нақл намекарданд. Мо оилаи хеле аҳлу тифоқ будем, волидонам дар ҷашну идҳо дӯстону ҳамсоягонамонро даъват намуда, дар хонтахта оши палав, хӯрданию хӯришҳои гуногунро мебароварданд ва ҳамдигарро меҳмондорӣ мекарданд. Худоё, ҳамаи ин ҳоло куҷо шуд?! Дар хонаамон меҳмонон ҳамеша буданд ва вақте ки онҳо нӯшбод гуфта, мечақонданд, ҳама «Ура!» мегуфтем.

Баъдҳо фаҳмидам, ки волидонам разведкачӣ будаанд. Онҳоро пас аз пошхӯрии СССР ошкор намуданд. Падарам тахаллуси «Салават»-у модарам тахаллуси «Азиза» доштаанд. Қиблагоҳамон чанд сол пеш гузаштааст, аммо модари 95-солаам шукр, ки барҳаёт ҳастанд. Шояд ягона касе бошад, ки то имрӯз ҳаққи аъзогии коммунистиашро месупорад – дар мо ҳоло низ ташкилоти ибтидоии КПСС фаъолият мекунад. Вай инони наҷиб аст. Вазорати мудофиаи Русия  боре ба модарам ҳайкали «Ватан — Модар» («Родина-мать»)-ро туҳфа карду ӯ дар Душанбе онро дар худ мебурд Ман ҳарчанд ки мехостам кумакаш намоям, ҳеҷ розӣ намешуд. Барои ӯ ин туҳфа то чӣ андоза  муҳим будааст. Бачаҳои Иттифоқи ветеранҳои Русия (СРВ)  то имрӯз бо модарам робита мекунанд, бо тамоми идҳо табрикаш менамоянд, офаринашон!

— Тақдири   шумо пас аз  Афғонистон чӣ тавр сурат гирифт?

— Дар мақомоти маҳаллӣ кор мекардам. Баъд директории мактабро пешниҳод карданд, ки 16 сол ба он машғул мебошам. Дар мактаби мо фарзандони хизматчиёни ҳарбӣ ва ашхоси мулкии базаи 201-уми Русия, ГПС ФСБ Русия ва кормандони сафорат, инчунин, фарзандони кормандони вазорату идораҳои Тоҷикистон мехонанд.  Мо якҷоя чорабиниҳои хеле ҷолиби  фестивалҳои дӯстӣ, мусобиқаҳои варзишӣ-ватандӯстонаи «Зарнитса», озмунҳои  сафороӣ ва сурудро бахшида ба Рӯзи Ғалаба, лаҳзаҳои ёдбудро  баргузор менамоем. Ин ҳама ва дигар иқдомот одамонро муттаҳид карда, эҳтиром кардани ҳамдигарро меомӯзонад.

Бовар кунед: ба мисли мактаби мо дигар мактаб нест, беҳтарин мактаб аст, ки хатмкардагонаш пас аз гузашти солҳо аз мо хабар мегиранд. Барои бисёриҳо он хонаи дуюм аст, то ҳаде ки  Малика барои мактаб шуда, маро рашк мебарад.

  Имрӯз дар мо барои хизматчиёни ҳарбӣ шароити беҳтарин фароҳам оварда шудааст ва вақте ки ба Русия рахти сафар мебанданд, занҳо барои манзилҳои зисти хуб, ҳуҷраҳои муҷаҳҳаз, боғчаҳои хуб, аммо муҳимаш муҳити хуб мегиранд.

 -Муносибат бо русҳо дар Тоҷикистон чӣ сон аст? Забонро танг намекунанд?

— Шумо чиҳо мегӯед?! Одамони аз Русияомада ҳайрон мешаванд: «Ҳеҷ гумон намекунӣ, ки ту тоҷик бошӣ,  русиат аксент надорад». Чӣ ҷойи тааҷҷуб аст? Пеш ҳамаамон дар ин ҷо чунин будем. Пошхӯрии СССР, ҷанги шаҳрвандӣ ва русҳо аз даҳшати ҳамдигаркушӣ, набудани шароити одӣ – барқ, газ, гармӣ рафтан гирифтанд. Ман онҳоро гусел мекардаму мегиристам… Ҳозир ҳамааш тағйир ёфтааст. Шавқу рағбат ба омӯзиши забони русӣ хеле зиёд аст. Мактабу боғчаҳои  русӣ бисёранд. Соли гузашта 30 омӯзгор аз Русия ба кишвари мо омаданд. Барои онҳо шароити хуб ва маоши муносиб фароҳам овардаанд. Аммо кадрҳои русии тадриси фанҳои физика, химия ва   биология боз намерасанд.

Ӯ сарфи назар аз малулӣ мерақсаду бо дугонаҳои ҳунармандаш  дар саҳна месарояд ва механдад ва замоне мусиқӣ хомӯш мегардад, иқрор мешавад:

— Медонед, ман ду ҷанги пурдаҳшатро паси  сар кардаам, аз ин рӯ,  ҳаётро дӯст медорам. Муҳимаш ки ман дӯстону дугонаҳои зиёде дорам.Чанде пеш аз Маркази травматология ва ортопедия (ЦИТО) парвоз карда омадам, онҳо барои хушҳолиям ба назди зинапоя лимузинро оварданд.

Ман барҳақ хушбахтам… Афсӯс ки вақт ниҳоят тезгузар аст.

Игор Черняк

 Тарҷума аз «АИФ»

Рожденная в СССР


Поделиться новостью в социальных сетях:

Leave a Reply