• Одил СОҲИБОВ
  • 04.05.2018
  • 0

Акбар Махсумов — писари қаҳрамон

ё шамъи хотира бар мазори академик ва сиёсатмадор

90 сол қабл, ҳамагӣ чанд моҳ пеш аз таъсиси Ҷумҳурии мустақили сотсиалистии Тоҷикистон, дар оилаи раиси Ҳукумати Ҷумҳурии мухтори Тоҷикистон Нусратулло Махсум писар таваллуд шуд. Зоҳиран, фарзанди раисҷумҳур бояд зиндагии пур аз нишоту фараҳ медошт ва дар нозу неъмат парвариш меёфт, аммо тақдир сарнавишти Акбар Нусратуллоевичро дигар хел рақам зад… Ӯ дар 7 — солагӣ тамғаи «писари душмани халқ»-ро гирифт…

Писари «душмани халқ»

Москва. Шоми 12 июли соли 1937. Дарро сахт ва бо ҷаҳл кӯфтанд. Нусратулло Махсум гӯё «меҳмонон»-ро интизор буд, ки бо меҳр як маротиба ҷониби фарзандонаш нигарист ва ба ҳамсари ҳаросонаш ишора кард: «ҳеҷ гап не…» ва нафаси чуқур гирифта, дарро боз намуд. Чор нафар низомипӯш зада ба хона ворид шуданд ва дар назди кӯдакон ба дасташ завлона зада, ӯро бурданд…
Ин рафтани бебозгашти Нусратулло Махсум буд. Нусратулло Махсуми мубориз. Оне, ки барои бунёди Тоҷикистон, барои васеъ кардани марзҳои он, барои аз ҳайати Ӯзбекистон баромадан ва ҷумҳурии мустақил шудани он бештар аз ҳама саҳм гузошт… Аммо ӯро соли 1933 бо баҳонаи таҳсил дар Академияи Ҳизби коммунист ба Маскав фиристоданд, дар асл ҳадаф дур кардани ӯ аз Тоҷикистон буд…
Пас аз ин оилаи Нусратулло Махсум пароканда шуд. Бинобар хотироти Хосият Махсумова, духтари калонии Н. Махсум, модарашон Ҳалимахонро ду дафъа НКВД ҷеғ зада, маротибаи дувум чун ҳамсари душмани халқ ба ҳабс гирифтанд. (Ӯ 18 майи соли 1944 аз ҳабс озод шуд.) Хосият ва Акбарро ба поезд савор карда, ба шаҳри Горкий бурданд, аз он ҷо Акбарро ба хонаи кӯдакони Сормов ва хоҳарашро ба кӯдакистони як деҳа фиристоданд…
Аммо ин душвориҳо қомати Акбарро нашикаст, зеро пайвандонаш аз Тоҷикистон ӯро аз хонаи кӯдакон гирифта, бо меҳру муҳаббат иҳота карданд… Акбари ҷавон, аммо аз гардишҳои зиндагӣ солор, барвақт дарк кард, ки ӯ писари фарзанди бузургу фарзонаи миллат аст, бинобар ин мекӯшид, ки пайкори падар – хидмат ба халқу Ватанро идома диҳад…

Акбар Махсум ва бунбасти соҳаи кишоварзӣ

Акбар Нусратуллаевич Махсумов соли 1944 ба Институти хоҷагии қишлоқ дохил шуда, онро соли 1948 бо ихтисоси аграном — зироаткор хатм мекунад ва ба райони Орҷоникидзеобод ба сифати аграноми шӯъбаи хоҷагии қишлоқ фиристода мешавад. Аммо ба карераи ҷамъиятии ӯ дар ин давра латма ворид гардида, ӯро ба вазифаи пасттар, аграноми МТС-и ин ноҳия таъин мекунанд.
Оғози солҳои 50-ум Акбар Нусратуллоевич ба Стансияи давлатии таҷрибавию селексионии Тоҷикистон ба кор гузашта, аз вазифаи ходими хурди илмӣ ба дараҷаи директори он мерасад. Пасон, соли 1955 чун мутахассиси баландихтисоси соҳаи зироаткорӣ ӯро ба Институти тадқиқоти илмии зироати Вазорати хоҷагии қишлоқи Тоҷикистон ба кор даъват намуданд, ки ӯ чун мудири шӯъбаи лалмикорӣ, ҷонишини директор оид ба корҳои илмӣ ва директори он кор кард.
Солҳои 1962-1965 Акбар Махсумов дар вазифаи саркотиби илмии Президиуми Академияи илмҳои Тоҷикистон фаъолият намуд ва аз ин вазифа ӯро вазири кишоварзии Тоҷикистон таъин намуданд. Олимони барҷастаи соҳаи кишоварзӣ Сангинов Б. С., Ҷуманкулов Х. Д. ва Эргашев А. Э. дар китоби «Академик Акбар Нусратуллаевич Махсумов (жизнь и деятельность)», ки ба ҷашни 70 — солагии Акбар Нусратуллоевич аз чоп баромад, менависанд, ки дар солҳои 60-ум вазъи соҳаи кишварзӣ дар Тоҷикистон дар ҳоли инқирози шадид буд ва интихоби Акбар Махсумов барин мутахассис ба симати вазири кишоварзӣ амали дурандешона ба ҳисоб мерафт.
Воқеан, пас аз он ки Акбар Махсумов ба вазифаи роҳбарии соҳаи кишварзӣ таъин гардид, вазъи зироаткорӣ дар Тоҷикистон рушд кард. Махсусан, дар соҳаи пахтакории кишвар таҳаввулоти ҷиддӣ сурат гирифт.

Илм дар амал

Солҳои вазирӣ ба Акбар Махсумов солҳои дастовардҳои беназири илмӣ буданд. Дар ин давра ӯ рисолаи дуҷилдаи худ «Основы богарного земледелия в Таджикистане»-ро ба охир расонид. Соли 1967 барои гузоштани саҳми арзанда дар рушди илм ба Ҷоизаи навтаъсиси давлатии ба номи Абӯалӣ ибни Сино дар соҳаи илм ва техника мушарраф гардид. Соли 1968 аъзо-корреспонденти Академияи илмҳои Тоҷикистон Акбар Махсумов академики Академияи улуми Тоҷикистон интихоб шуд.
Соли 1971 Акбар Нусратуллоевич ба Академияи илмҳо баргашт ва муддати чор сол ба сифати ноиби Президенти ин ниҳоди илмӣ фаъолият намуд. Соли 1975 ба вазифаи ҷонишини Совети вазирон даъват гардид ва аз соли 1986 то 1988 бошад, вазифаи ҷонишини якуми Совети вазирони РСС Тоҷикистон ва дар баробари ин раиси Комитети давлатии агросаноатии кишварро ифо намуд.
Дар ин давра истеҳсоли пахта дар ҷумҳурӣ ба 750 – 800 ҳазор тонна расид. Соли 1981 бошад, кишвар ҳосири рекордӣ ба даст овард, истеҳсоли пахта ба 1 миллион тонна расид. Ин далели ҳамкории судманди марказҳои илмии Академияи илмҳо бо комплексҳои агросаноатӣ буд.
Акбар Нусратуллоевич аз соли 1988 директори Институти ботаникаи АИ РСС Тоҷикистон таъин гардид… Ӯ то охирин нафас аз корҳои илмӣ дур нашуд, наздики 200 асари илмӣ иншо кард, ки то имрӯз аҳамияти худро гум накардааст…

Поёни умр…

Поёни умри Акбар Нусратуллоевич Махсум амсоли кӯдакиаш бенишот буд. Давлати шӯравӣ барҳам хурду Тоҷикистон ба ҷанги шаҳрвандӣ печид. Соҳаи кишоварзӣ, ки ӯ барои рушди он заҳматҳои сангин кашида буд, инқироз ёфт… Вазъи илму олимон нигаронкунанда буд. Ҳамин дардҳо ӯро билохира аз пой афтониданд ва моҳи сентябри соли 2001 қалби ӯ аз тапидан бозмонд…
Қалби Махсуми дигар… Қалби марде, ки рӯҳи падарро шод кард, аз минбарҳое, ки як замон падараш баромад мекард, сухан гуфт ва дар баробари ӯро номи худро дар таърихи илму давлатдории Тоҷикистон сабт кард…

Ба ҷойи охирсухан

Соли 2006 ба Нусратулло Махсум – падари Акбар Махсумов унвони олӣ- Қаҳрамони Тоҷикистон дода шуд. Соли 2014 бошад, яке аз кӯчаҳои шаҳри Душанбе номи академик Акбар Махсумро гирифт.

О. Нозир

Поделиться новостью с друзьями:


Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.