• Forsi Editor
  • 01.12.2017
  • 3

Бузургмеҳри БАҲОДУР — тарҷумаи ҳол ва намунаи ашъор

Бузургмеҳри Баҳодур соли 1992 дар деҳаи Ғазантараки ноҳияи Ғончӣ ба дунё омадааст. Соли 2014 Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи устод Сотим Улуғзодаро бо ихтисоси филолог (суханшинос)-и тоҷик хатм карда, аз соли 2015 корманди рўзномаи «Ҷумҳурият» аст.

Шеърҳояш дар моҳномаҳои «Истиқбол», «Садои Шарқ», «Паёми Суғд», «Адаб» ва маҷмўаҳои дастаҷамъӣ интишор ёфта, баъзе аз намунаҳои ашъораш ба забонҳои англисиву ўзбекӣ низ тарҷума шудаанд. Баҳори соли 2016 нахустин маҷмўаи шеъраш таҳти унвони «Ҳамболи турнаҳо» дар нашриёти «Истиқбол» нашр гардид. Шурўъ аз соли 2017 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон аст.

 

СОАТИ МОДАРИ МАН ХУРШЕД АСТ

Соати хонаи мо вайрон аст,

Модарам бетақвим,

Модарам бесоат,

Сарҳисоби ҳамаи тобу табаш медонад.

Аз раҳи рафтану бозомадани шамси Худо,

Рафтану омадани рўзу шабаш медонад.

Аз ҳисоби ҳамаи суду зиён;

Аз рақамҳои саропо мавҳум,

Рўзи мелоди маро медонад.

Зотан ў фалсафаи зиндагиро медонад,

Ки барои дигарон зистан аст

бесоат, бетақвим.

Ҳамчунон мўи сараш,

Рўзи ў испед аст.

Ба дилаш ақрабаки уммед аст,

Соати модари ман Хуршед аст.

***

АЗОН

Ба духтарам Манижа

Ту омадиву гўши мо пур аз навои алла шуд,

Садои ту азони мардуми маҳалла шуд,

Садои ту, ки як дами азони ҳазрати Билол буд,

Сиришки ту чу оби чашми Фотима зулол буд.

Фидои дастакони сабзи ту, ки аз биҳишт омаданд,

Фидои чашмакони нағзи ту,

Худо сиришт, омаданд…

Фариштадухтарам,

Ҳумои бахт бар сарат.

Гули нигоҳи ташнамеҳри ман бирезад аз сару барат,

Барои чун ту некахтаре

Ба ҷуз ту боз ман чӣ туҳфа оварам ба модарат,

Ки чизу кас набуда дар ҷаҳон баробарат.

Ба фоли бахти ман ба некфолӣ омадӣ,

Чи поку бегуноҳу лоязолӣ омадӣ,

Агарчи ҳам ба дасти холӣ омадӣ —

Барои зиндагӣ баҳона пур шуда,

Зи меҳру меҳрубонӣ хона пур шуда.

Забони ман, ки вақти зоданат зи ҳарф монда буд,

Зи “ҳеч шодӣ нест андар ин ҷаҳон”-у аз тарона пур шуда,

Лабони модарат зи ғунчаҳои шукри шаккарона пур шуда

Ва чўби гоҳвораат шукуфта аз ҷавона пур шуда…

Ту омадиву гўши мо пур аз навои алла бод,

Садои хандаат азони мардуми маҳалла бод!..

***

КЎДАКӢ

Кўдакӣ бо зочаҳои хоҳари ман мондааст,

Кўдакӣ дар хандаҳои додари ман мондааст.

Дар хаёлам бо садои кўдаке тўбаш ба даст,

Кўдакӣ то ҳол дар пушти дари ман мондааст.

Хонаҳо месохтам аз лою хас, вайрон шуданд,

Кўдакӣ дар хонаи чашми тари ман мондааст.

Аз кабўтарбозии мо бомҳо мешуд хароб,

Андаруни болишам болу пари ман мондааст.

Сад ҳавопаймо зи коғаз сохтам бо орзу,

Орзуҳои самоӣ дар сари ман мондааст.

Кўдакӣ афсона буду дар китоби мо набуд,

Дар дилам афсонаҳои модари ман мондааст.

Ҳар саҳар оина расми пирии ман мекашад,

Кўдакӣ дар боғи сабзи бовари ман мондааст.

***

СУРУДИ ФИРДАВСӢ

Ватан гўям, забонам оташин аст,

Забонам дар даҳонам оташин аст.

Агар як лаҳзае Меҳан нагўям,

Худои меҳрубонам оташин аст.

На танҳо хоби ман, бедории ман,

Намози ҳар замонам оташин аст.

На танҳо шодии ман, хандаи ман,

Ҳама дарду ғамонам оташин аст.

Сари майдони разму базми шоҳӣ,

Саропои ялонам оташин аст.

Шунав фарёди Рустамро зи Албурз:

Дами Рахши давонам оташин аст.

Зи зарби гурзи ман резад ситора,

Сари гурзи гаронам оташин аст.

Садои Ораш ояд аз Дамованд:

Ба каф тиру камонам оташин аст.

Сиёвушам, намесўзам ба оташ,

Тани хокиву ҷонам оташин аст.

Яли рўинтанам, Исфандиёрам,

Рагу пай, устухонам оташин аст.

Ман он Сўҳробам аз тухми Таҳамтан,

Ки хуни арғувонам оташин аст.

Дирафши дасти Кова – дафтари ман,

Дирафши ковиёнам оташин аст.

Ман он Фирдавсии равшанравонам,

Ҳамоно ки равонам оташин аст.

***

МЕТАВОН АЗ ЯК САДО САРШОР ШУД

Метавон аз як садо саршор шуд,

Дар ҳарими як наво изҳор шуд.

Метавон хамёзаи гулҳо шунид,

Аз нафасҳои гуле бехор шуд.

Нест дидан чашм бикшодан ҳанўз,

Эй басо хурмо, ки бар мо хор шуд.

Хилвати дидори мо буд он дарахт,

Баҳри қатли ошиқе дӣ дор шуд.

Бе фироқи дўст гўӣ, дуст чашм,

Бехабар аз чашми моӣ, чор шуд.

Метавон аз гўшае ҳастӣ шинохт,

Бетафаккур метавон девор шуд.

Аз наве, ки равнақи бозор нест,

Мешавад дилбастаи такрор шуд.

Муҳлати сабри маро тамдид нест,

Гиря, боз о, ки алам бисёр шуд.

Мешавад бе ҳеч бурҳон дил бубаст,

Мешавад овораи инкор шуд.

Аз садои сури Исрофил нашуд,

Метавон бо бўсае бедор шуд.

***

ОҲ, БОРОН, БОРОН…

Озодагии чаман зи туст, эй борон,

Холи лаби настаран зи туст, эй борон.

Дар чил-чили ту накҳати атри чинист,

Нозидани ёсуман зи туст, эй борон.

Бар қомати бепираҳани долу дарахт,

Гулдўзию пираҳан зи туст, эй борон.

Мардумгияҳон рўй ба саҳро карданд,

Бесабрии марду зан зи туст, эй борон.

Аз нав ба сараш хаёли Лайлӣ рафтаст,

Маҷнунии беди ман зи туст, эй борон.

То ту набудӣ, об наомад бар ҷўй,

Хуни дили Кўҳкан зи туст, эй борон.

Наҷвои ту бар хотираҳоям ҷон дод,

Ларзидани ҷону тан зи туст, эй борон.

Эй кош, ки чун ту гиряҳо мекардам,

Сад гиряи бесухан зи туст, эй борон.

Ошиқтару шоиртарӣ аз ман бешак,

Девони ғами куҳан зи туст, эй борон.

***

РУСТШАВАКОН[1]

Ту пинҳон мешудӣ аз ман,

Ман аз ту мешудам пинҳон.

Маро меёфтӣ мушкил,

Туро меёфтам осон.

 

Туро ҳар гоҳ чун ёбам,

Пур аз шўру шааф будӣ.

Зи хурсандиву хандоханд,

Ту гўӣ шодикаф будӣ.

 

Маро гуфтӣ, зи нав бишмор,

Зи нав чашмони худро банд.

Ҳамон буд охирон овоз,

Ҳамон буд вопасин лабханд…

 

Шумурдам то ҳазору анд,

Куҷо пинҳон шудӣ, эй ёр.

Намеёбам нишонатро

Паси дарвозаву девор.

 

Ту рафтӣ аз барам ногаҳ,

Ба бозиҳои тифлона.

Пур аз акси садо кардам,

Дару девору таҳхона.

 

Зи дурӣ омад ин овоз:

Нарафтам ман паси девор,

Паси озорҳо рафтам,

Паси тақдири безинҳор…

***

ИН ҲАМОН ПАРАНДА АСТ…

Ин ҳамон паррандае, ки дар само,

Ногаҳон парвозро гум кардааст.

Солҳо беҳамзабону бесадо,

Ногаҳон овозро гум кардааст.

 

Хуни худ нашнохта аз бехудӣ,

Хешро бо бошаву кафтар задаст.

Гарму сарди осмон нашнохта

Чашмро пўшида гўё пар задаст.

 

Гарчи аз тиру шикор огоҳ нест,

Ҳасрати марги муфоҷо хўрдааст.

Дар фазо аз лаззати парвоз не,

Балки вақти пар кашидан мурдааст.

 

Пас дигар суде набуд аз болу пар,

Чун дили маҷрўҳи ў озод нест.

Ҳайфи истеъдоди парвози баланд,

Чунки боли рўҳи ў озод нест.

 

…Ин ҳамон паррандае, ки дар само,

Ногаҳон парвозро гум кардааст.

Карда аз фарҷоми кор андеша чанд,

Оқибат оғозро гум кардааст.

[1] Бозии бачагон, ки байни мардум бо номҳои рустаконбозӣ ва баҷошавакон низ маъруф аст.

بزرگ مهر بهادر – زندگی نامه و نمونه اشعار

Поделиться новостью с друзьями:


Ҳамаи шарҳҳо

  • Anonymous:

    дуруд ба масъулони сомонаи «Точикистон»

  • Лолаи Саидакбар:

    Оли! Инак пас аз чандин солхо боз шеьр хондам…. Соати модари ман хуршед аст…. Садсола шави Бузургмехри азиз! Миени ин чомеаи кохидазавк шеьр гуфтан….Ахсан! Баьзе шоирони халкиро мехони як образи нав надоранд хама шиор…..

  • Мухаммад:

    Шояд аввалин намунаи шеърхояшро мо дар рузномаи «Паёми донишчу», хангоми донишчуйии Бузургмехр чоп карда будем. ОН солхо у донишчуйи соли аввал буд. Андешахояш бо такя ба ашъори Лоик монанди дорад.

Назари худро нависед

Ваш e-mail не будет опубликован.

App Banner