• Бахтовар Сафаров
  • 30.04.2019
  • 0

Девони Камоли Хуҷандиро ба забони ӯзбекӣ тарҷума карданд

Дар шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Ӯзбекистон нашриёти “Камолак” девони Камоли Хуҷандиро бо забони ӯзбекӣ зери тарҷумаи Олимҷон Бӯриев интишор намудааст, хабар додааст АМИТ “Ховар”.

Ин армуғонест ба шарафи 700 — солагии шоири шаҳири тоҷик Камоли Хуҷандӣ.

“Девони Шайх Камол бо ташаббуси Академияи фанҳои Ӯзбекистон ва Осорхонаи давлатии ба номи Алишер Навоӣ таҳия ва омода шудааст”, — омадааст дар иттилоия. 

Дар мақолаи академик Азиз Қайюмов, ки дар оғози девон оварда шудаст, гуфта мешавад, ки Камоли Хуҷандӣ аз муътабартарин суханварони замонаш буда, ин маҳбубият миёни хонандагони чаҳон рӯзафзун аст.

Тавре манбаъ қайд мекунад, Олимҷон Бӯриев шоир ва тарҷумони мумтози Ӯзбекистон буда, то ин дам  “Хамсаҳо”-и Низомиву Деҳлавӣ, “Ҳафт авранг”-и Ҷомӣ ва девони ҳофизи Шерозиро тарҷума кардааст.

Поделиться новостью с друзьями:


Назари худро нависед

Ваш e-mail не будет опубликован.

App Banner