• Administrator
  • 08.02.2019
  • 0

Хонаи истиқоматӣ — тӯҳфаи ҳукумат ба хонандаи босавод

Дар вилояти Бухорои Ӯзбекистон мақомоти маҳаллӣ барои хонаводаи хонандаи синфи 9 — Дониёр Исмоилов хона сохтанд.

Дониёр борҳо дар олимпиадаҳои байналхалқӣ аз фанни риёзӣ ширкат кардааст. Дар ҳоли ҳозир дар хонаи навсохт корҳои рангу бор идома дорад.

Соли гузашта расонаҳои маҳаллӣ хабар дода буданд, ки модари Дониёр Исмоилов аз дарди ҷигар ранҷ мекашад ва падарш мардикор аст. Ба далели мушкилиҳои хонаводагӣ вай натавонист, ки таҳсилашро идома диҳад.

Ба навиштаи расонаҳо, раиси вилояти Бухоро Уктам Барноев Дониёрро ба ҳузур пазируфтааст. Ин мансабдор дар саҳифаи Фейсбук навишт, ки мақомоти вилоят то 31 декабри соли 2018 барои хонаводаи Дониёр манзил месозанд.

Раёсати маориф ба Дониёр ноутбук ва шӯрои вилоятии Иттифоқи ҷавонони Ӯзбекистон китобхонаи шахсӣ тақдим мекунанд.

Поделиться новостью с друзьями:


Назари худро нависед

Ваш e-mail не будет опубликован.

App Banner