• Эмом НАЗАРОВ
  • 09.01.2019
  • 0

Рӯнамоии «Дасти меҳри»-и Шараф

Номи Шараф Афзалӣ ҳамчун шоир ва рӯзноманигор беш аз 40 сол аст, ки ба дӯстдорони каломи бадеъ ошност. Ӯ аз синни мактабхонӣ шеър менавишт. Чакидаҳои хомааш дар рӯзномаи ноҳиявии «Ҳақиқати Комсомолобод», рӯзномаи «Пионери Тоҷикистон» ва маҷаллаи «Машъал» ба табъ мерасиданд. Баъди хатми шуъбаи журналистикаи УДТ ба номи В. И. Ленин (имрӯз ДМТ) чанд сол дар рӯзномаи «Пионери Тоҷикистон» фаъолият карда, сипас муддате чанд муҳаррири гуфторҳои адабӣ-драмавии Радиои Тоҷикистон буд. Ӯ то лаҳзаҳои охирин умр менавишту менавишт: шеър, тарона, достон, мақола, ҳикоя ва танз. Як умр осори гузаштагони тоҷик ва ҷаҳонро меомӯхт ва ба тарҷума низ даст зада, осори хонданӣ ва тозакориҳояш зиёданд. Дар кишвари мо чун Ҳофизу Саъдӣ ҳеҷ кас сухани баланд нагуфтааст. Шараф ҳам ба тавону қудрати худ шеър мегӯяд ва ҳаводорони худро дошт. Шеърҳояш дар ҳафтаномаи «Адабиёт ва санъат», маҷаллаи «Садои Шарқ» ва маҷмӯаҳои дастаҷамъӣ ба табъ расиданд.
Чанде пеш бо талоши рӯзноманигор ва адиби варзида Ҳокими Азиз маҷмӯаи шеърҳои шодравон Шараф Афзалӣ бо номи «Дасти меҳр» пас аз вафоти шоир рӯи чоп омад. Маҷмӯа ғазалиёт, рубоиёт, фардиёт, достонҳо ва бо номи «Хандабоғи тарона» як силсила танзу хотираҳои талху ширини шоирро фаро гирифтааст.
Фараҳафзост, ки бо ибтикори дӯстону пайвандони адиби хушсалиқа, ки имрӯз дар бари мо нест, 16 январи соли равон дар Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон рӯнамоии «Дасти меҳр»-и Шараф Афзалӣ доир хоҳад гашт. Дастандаркорони ин маҳфил ташрифи дӯстдорони шеъру шоириро хоҳон мебошанд.
Иззатбек Идизода

Поделиться новостью с друзьями:


Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.