• Абдумудассир АҲМАДОВ
  • 08.02.2019
  • 0

Театри Лоҳутӣ барҳам мехурад?

Шамсиддин Орумбекзода, Вазири фарҳанги Тоҷикистон барҳам хӯрдани ҳайати эҷодии театри Лоҳутӣ ва ҷавонони кишварро бо мақсади бунёди Театри миллӣ рад кард.

Чандест дар фазои фарҳангии кишвар овозае чарх мезанад, ки пас аз бунёди Театри миллӣ труппаҳои Театри академӣ-драмавии ба номи Абулқосим Лоҳутӣ ва Театри давлатии ҷавонони Тоҷикистон ба номи М.Воҳидов барҳам хӯрда, дар Театри миллӣ муттаҳид карда мешаванд.

Орумбекзода ин овозаро рад карда гуфт:

-Ин овоза ҳақиқат надорад ва мо барои Театри миллӣ дар Донишкадаи фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ва Федератсияи Русия кадр омода кардаистодаем. Театри миллӣ театри мустақиле хоҳад буд, ки солҳои наздик ба фаъолият оғоз мекунад.

Ҳамчунин, Орумбекзода иттилоъ дод, ки Сохтмони театри русӣ-драмавии ба номи В. Маяковский дар шаҳри Душанбе идома дорад ва дар соли 2020 ба анҷом мерасад.

Ёдовар мешавем, ки айни замон дар кишвар 19 театри касбӣ фаъолият мекунад, ки онҳо соли равон аз санаи 15 то 22 апрел дар шаҳри Душанбе дар Фестивали театрҳои касбии кишвар “Парасту-2019” сарҷамъ хоҳад шуд.

Поделиться новостью с друзьями:


Назари худро нависед

Ваш e-mail не будет опубликован.

App Banner