• Mardon
  • 22.04.2019
  • 5

Ӯзбекҳо дар Фаронса ҳайкали Синоро гузоштанд

Шаҳрвандони шаҳри Бухорои Ӯзбекистон дар Фаронса ҳайкали Абӯалӣ ибни Сино — ҳаким ва файласуфи шарқро гузоштанд. Пардабардорӣ аз рӯйи ин муҷассама ба муносибати 20 солагии бародаршаҳрии Бухоро ва Рюэй-Малмезон дар ин шаҳр сурат гирифт. Дар ин бора «АН Podrobno.uz.» хабар медиҳад.


Маросими гузоштани ин муҷассама бо ширкати ҳокими вилояти Бухоро Ӯктам Барноев ва шаҳрдори Рюэй-Малмезон Патрик Оле баргузор шуд. Ҳамчунин, аз фаъолони ду бародаршаҳр наздики 500 нафар меҳмонон дар маросим ҳузур доштанд.


«Ман ифтихор мекунам, ки дар сарзамини мо муҷассамаи табиб ва файласуфи бузург Абӯалӣ ибни Сино қомат афрохт… Умедворам, ки ҳаким Сино дӯстии ду шаҳр ва ду давлатро боз ҳам мустаҳкамтар мекунад ва мо дар бисёр масоил ҳамкорӣ мекунем» — гуфт, шаҳрдор Патрик Оле.


Рюэй-Малмезон 14 км дуртар аз Париж ҷойгир буда, дар асри 12 бунёд шудааст. Бо ин шаҳр номи Наполеони I, Жозефина Бонапарт, Салватор Адамо ва дигар бузургон алоқаманд аст.


Гузоштани муҷассамаи Сино дар ҳолест, ки дар садаи охир ӯзбекҳо ин ҳакими барҷастаи тоҷику форсро ба далели дар Бухоро зода шудану камол ёфтанаш «турк» ва «ӯзбек» ном мебаранд.

Поделиться новостью с друзьями:


Ҳамаи шарҳҳо

  • Phenom:

    аз кай боз бо Абуали аз узбекхо шудааст?

  • Mujim Kamolov:

    Одами суст аз чаннат мондас…
    Худатон кадр намекунед, дигарон монад бахили мекунед не ин хато…
    Синоро тамоми чахон медонад,нафаре ки аз таърих бохабар хеч вакт уро ба дигар миллат номнавис намекунад.Бухоро ин шахр буд ва мемонад таърихи чудошавандаи халки точик….

  • Sara:

    Мо точикои хоболуди танбалро хуб мекунан. Аввал нонамонро, баъд бузургонамонро боз дертар обуруямонро кашида мекунанд. Ин рафикои ӯзбак ба мо рафиқ шудан гуфта хурсанд шудему, охистакак Синои моро аз худ карданд. Акнун мо тоҷиконро мебояд ба гарми аз тоҷик будани Сино дифоъ кунем, вагарна дар таърихи Фронса ва таърихи дунё Ҳаким Сино хамчун ӯзбак хоҳад монд….. олимон боз худатон қазоват кунед….

  • Нарзибек Бадалов:

    Фаронсагиҳо бефарҳанг нестанд, ки ба ин афсона бовар намоянд…, онҳо аз таърих бохабар ҳастанд…

  • Anonymous:

    Бухорову Самаркандро гирифтанд аку навбат ба шоирону табибон расид

Назари худро нависед

Ваш e-mail не будет опубликован.

App Banner