• Mardon
  • 15.04.2019
  • 0

Ӯзбекистон дар миёни 10 кишвари ҷаззоб барои сайёҳони мусалмон

Дар гузориши соли 2019-и Global Muslim Travel Index Ӯзбекистон ба даҳгонаи кишварҳои ҷаззоб барои сайёҳони мусалмон шомил шудааст.

Тибқи ин гузориш дар соли 2018 дар канори Ӯзбекистон Эрон ва Индонезия низ ба ин феҳрист ворид шудаанд.

Дар феҳристи мазкур танҳо кишварҳои узви Созмони ҳамкориҳои исломӣ шомил ҳастанд.

То ба ҳол Туркия, Малайзия, Аморати Муттаҳидаи Араб, Арабистoни Саудӣ, Марокаш, Баҳрайн, Қатар, Тунис ва Қазоқистон аз кишварҳои ҷаззоб баои сайёҳони мусалмон маҳсуб мешуданд.

Дар феҳристи Global Muslim Travel Index аҳамияти таърихию кунунии давлатҳо, шароити мусоид барои сайёҳон, иқлим, масъалаҳои амниятӣ ва хизматрасонии нақлиёт дар назар гирифта шудааст.

Поделиться новостью с друзьями:


Назари худро нависед

Ваш e-mail не будет опубликован.

App Banner