• Administrator
  • 01.02.2019
  • 0

Хурӯҷи бемории сурхак

Дар вилояти Қазоқистони Шимолӣ дар моҳи январ 36 сокин бо гумони мубтало шудан ба бемории сурхак ба бемористонҳо муроҷиат кардаанд. Миёни онҳо 12 сокини калонсол ва 24 кӯдаки то 14-сола ҳастанд. Дар ин бора Департаменти ҳифзи сиҳатии умум хабар медиҳад.

Ба иттилои ин ниҳод, 30 тан аз муроҷиаткардагон ваксинаи зидди ин бемориро нагирифтаанд. Аз миёни 36 сокин бемории 22 тан тасдиқ шудааст.

Ба иттилои мақомот, дар вилояти мазкур дар соли 2018 ҳамагӣ як ҳолати гирифторӣ ба ин бемори сабт шуда буд.

Дар Қазоқистон ҳолатҳои зиёде мушоҳида мешавад, ки волидон намегузоранд, фарзандонашон ваксина бигиранд. Коршиносон мегӯянд, волидон дар сифатнокии доруҳо шубҳа доранд.

Поделиться новостью с друзьями:


Назари худро нависед

Ваш e-mail не будет опубликован.

App Banner