Суръати паҳншавии минингит паст шудааст

ОСИЁИ МАРКАЗӢ, Тандурустӣ, ХАБАРИ ТОЗА, Қазоқистон

Айни ҳол 8 нафар гирифторони минингит дар  шаҳри Алматои Қазоқистон дар бемористон бистарӣ шудаанд.

Ҳамчунин 3148 нафари дигар  бо нишонаҳои гирифторӣ ба  бемории мазкур аз ташхис гузаронида шуданд.

Раёсати тандурустии шаҳр хабар додааст, ки «Дар шуъбаҳои эҳёи беморхонаҳои сироятӣ касеро бистарӣ накардаанд», Ниҳоди мазкур иттилоъ додааст, ки дар давоми 8 рӯзи охир дар Алмато ягон нафар гирифтори менингит ба қайд гирифта  нашудааст.

Мувофиқи маълумоти Вазорати тандурустии Қазоқистон аз оғози сол ҳамаги 60  тан ҳамчун гирифторони минингит бақайд гирифта шуда, аз ин шумора 13 нафар фавтидааст.

Дар вазорат инчунин гуфтаанд, ки назар ба рӯзҳои пешин шумораи ками одамон бо нишонаҳои минингит баҳри дарёфти кумаки тиббӣ муроҷиат кардаанд.


Поделиться новостью в социальных сетях:

Leave a Reply