Зиндонӣ шудани яхмосфурӯш пас аз заҳролудшавии одамон

ОСИЁИ МАРКАЗӢ, ХАБАРИ ТОЗА, Қазоқистон, ҲУҚУҚ

Рӯзи 5 декабр додгоҳи Ал-Форобии вилояти Чимкенти Қазоқистон ҳукми додгоҳиро дар робита ба парвандаи «заҳролудшавии оммавии сокинон» эълон кард. Дар ин бора Қобил Дуйсенов, котиби матбуотии додгоҳ хабар дод.

Ба гуфтаи вай, додгоҳ тоҷир Дилмурод Ишмуротовро бо моддаи «Вайрон кардани меъёрҳои беҳдоштӣ» айбдор дониста, як сол зиндонӣ ва се сол аз ҳаққи фаъолияти тоҷирӣ маҳрум кард. Ба ҷуз ин додгоҳ соҳибкорро вазифадор кард, ки ба заҳролдушудагон дар ҳаҷми 4 ҳазор доллар ҷуброн пардозад.

Охири моҳи март 188 сокин баъди истеъмоли яхмос дар қаҳвахонаи «Южний» заҳролуд шуданд.


Поделиться новостью в социальных сетях:

Leave a Reply