Сагдуздро 500 доллар ҷарима карданд

ОСИЁИ МАРКАЗӢ, ХАБАРИ ТОЗА, Қирғизистон, ҲУҚУҚ

Додгоҳи Қирғизистон як шаҳрвандро барои сагдуздӣ 3,5 зиндонӣ ва бештар аз 500 доллар ҷарима кард. Дар ин бора соҳиби саг Гуля Алмамбетова хабар дод.

«Ман аз ҳукми додгоҳ қонеъ ҳастам», — гуфт Алмамбетова.

Вай афзуд, сагдузд бо моддаи «Дуздӣ дар ҳаҷми калон» айбдор шуд.

Пештар аз ин хабар дода шуда буд, ки баррасии парванда дар додгоҳ бо айби сагдуздӣ дар Қирғизистон бори аввал сурат мегирад. Алмамбетова гуфт, вай ва хонаводааш барои баргузории додгоҳ пойфишорӣ кардаанд.

Дуздии саг дар шаҳри Бишкеки Қирғизистон 23 июли соли 2018 сурат гирифт. Баъдтар тавассути дурбинҳои назоратӣ дуздро шиносоӣ ва пайдо карданд.


Поделиться новостью в социальных сетях:

Leave a Reply