Бозпурсии омӯзгор барои баҳои «2» гузоштан дар пешонаи хонандагон

ОСИЁИ МАРКАЗӢ, Узбекистон, ХАБАРИ ТОЗА, ҲУҚУҚ

Додситонии шаҳри Бекобод ва Идораи маорифи вилояти Тошканд амали омӯзгори мактаби миёнаи №5-и шаҳрро тафтиш доранд, ки дар пешонии чаҳор хонанда баҳои ду гузошта, онҳоро дар назди ҳамдарсонашон таҳқир кардааст.

«Моҳи равон муаллимаи синфҳои ибтидоӣ дар мактаби рақами 5 нисбати хонандагони синфи якум амалеро раво дидааст, ки аз тарафи додситонӣ ҳамчун «шиканҷаи равонӣ» баҳо дода шуд», — гуфт муовини мудири маорифи вилояти Тошканд Шукур Бурҳонов.

Ба гуфтаи мудири маорифи шаҳри Бекобод Муҳиддин Қузибоев, ин омӯзгор барои муҷозоти равонии хонандагон муваққатан аз кор озод карда шудааст.

«Муаллима дар ҳоли ҳозир дар додситонӣ баёнот медиҳад. Ба ҷуз ин, муфаттишон баёноти волидони хонандаҳоро низ гирифтанд. Парвандаи омӯзгорро комисияи байниидоравии умури ноболиғон низ баррасӣ дорад», — афзуд Қузиоев.

Акси хонандаҳои ӯзбек, ки дар пешонии худ баҳои ду гирифтанд, 11 май дар шабакаҳои иҷтимоии Instagram ва Facebook нашр шуд, ки баҳсҳои тундеро ба бор оварданд. Корбаре, ки ин аксҳоро нашр кард, гуфт, ҳодиса 7 май рух додааст.


Поделиться новостью в социальных сетях:

Leave a Reply