Данғара: Мард занашро бо корд зада кушт

ОСИЁИ МАРКАЗӢ, Узбекистон, ХАБАРИ ТОЗА, ҲУҚУҚ

Дар ноҳияи Данғараи вилояти Фарғонаи Ӯзбекистон марди 26-солае ба ҳамсараш дар назди бинои ақди никоҳ бо корд ҳамла кард. Ба иттилои мақомот, зан аз ҷароҳатҳои бардоштааш дар бемористон фавтид.

Ба иттилои шоҳидон, ин ҳодиса 5 сентябр рух додааст.

«Мард дар рӯзи ҳодиса ба идораи ақди никоҳ омада, мехост аз ҳамсараш ҷудо шавад. Ҳангоми мулоқот байни зану шавҳар ҷанҷол рух дод. Мард ҳамсарашро чанд корд зад ва аз ҷои ҳодиса фирор кард, вале баъди чанде ба пулис таслим шуд», — гуфт як шоҳиди ҳодиса.

Мақомот гуфтанд, кушторро марди соли таваллудаш 1992 анҷом додааст. Панҷ моҳ пеш байни ин зану шавҳар ҷанҷол бархост. Зан ба хонаи волидонаш рафта, бо каси дигар издивоҷ кардааст, хабар медиҳанд мақомот.

Додситонии ноҳияи Данғара парвандаи ҷиноӣ боз карда, таҳқиқот идома дорад.


Поделиться новостью в социальных сетях:

Leave a Reply