Муфаттише, ки нисбат ба зан бадрафторӣ кард, барканор шуд

ОСИЁИ МАРКАЗӢ, Узбекистон, ХАБАРИ ТОЗА, ҲУҚУҚ

Додситонии вилояти Самарқанд баъд аз нашри матлаби Бахши ӯзбекии Радиои Озодӣ дар бораи бадрафтории кормандони шуъбаи пулиси шаҳри Каттақурғон бо занони гумонбар ба дуздӣ дар робита ба ин ҳодиса парванда боз ва санҷишро оғоз кардааст.

Як корманди пулиси Каттақурғон ба шарти ифшо нашудани номаш гуфт, баъд аз чанд соати нашри матлаб намояндагони нозирони ҳайати шахсии Раёсати умури дохилии Самарқанд ва додситонӣ ба шуъба ҳозир шуда, то субҳ муфаттиш Санат Умаровро, ки занеро ба кашидани либосҳояш дар рӯбарӯи дурбин маҷбур карда буд, бозпурсӣ карданд.

“Субҳ зани ҷабрдидаро оварданд ва ӯ баёнот дод”, — афзуд манбаъ.

Додситонии кулли Ӯзбекистон 4 июл хабар дод, ки зидди муфаттиши шуъбаи пулиси Каттақурғон бо банди “баромадан аз ҳадди ваколати худ” парванда боз кардааст. Ба огаҳии додситонӣ, масъалаи ба ҳабси пешакӣ гирифтани Умаров баррасӣ мешавад.

Яке аз ҳамдеҳаҳои ҷабрдида мегӯяд, зане, ки бо ӯ дар шуъбаи пулис бадрафторӣ карданд, дар як шароити хеле сангин ба сар мебарад. “Шавҳари зан чанд сол пеш аз дарди ҷигар даргузашт. Манзили зисти ӯро наметавон хона гуфт. Дар онҷо ҳатто саг зиндагӣ намекунад”, — афзуд вай.

Ба гуфтаи ҳамсуҳбати мо, ин зан қаблан бо гумони дуздии пул ҷарима шуда буд. Вале ҳоло барои таъмини нафақаи хонаводааш чорвопарварӣ мекунад. Раиси маҳаллае, ки дар он зан зиндагӣ мекунад, гуфт, ба боздошти зан амалҳои пешинаш сабаб шудааст.

Тақдири корманди дувуми пулис, ки зани дигареро таҳқир мекард, дар ҳоли ҳозир маълум нест.

Кормандони шуъбаи пулиси Каттақурғон ду зани гумонбар ба дуздиро бо таҳқиру тавҳини зиёд дар рӯбарӯи дурбин бараҳна карда, ба навор гирифтаанд. Ин навор, ки 4 июл ба дасти Бахши ӯзбекии Радиои Озодӣ расид, нишон медиҳад, зани тахминан 35-сола таҳти фишори марде либосҳои худро як ба як мекашад.

Ҳамзамон садои марди дигаре низ шунида мешавад, ки як занро бо қабеҳтарин алфоз дашном дода, маҷбур дорад, то либосҳои худро кашад. Зан ҳарчанд хоҳиш мекунад, ки ин корро накунанд, вале дар посух дашномҳои қабеҳ мешунавад. Марде ба яке аз занҳо дастур медиҳад, тани урён ба кӯча барояд.


Поделиться новостью в социальных сетях:

Leave a Reply