Нодир Турақулов 16 сол аз озодӣ маҳрум шуд

ОСИЁИ МАРКАЗӢ, Узбекистон, ХАБАРИ ТОЗА, ҲУҚУҚ

Сардори пешини Идораи тафтишотии Хадамоти амнияти миллии Ӯзбекистон ё худ СНБ полковник Нодир Турақулов 25 октябри соли гузашта 16 сол аз озодӣ маҳрум ва 81 миллион сӯм (беш аз $9,7 ҳазор) ҷарима шуд.

Раҳбари созмони ҳомии ҳуқуқи «Эзгулик» Абдураҳмон Ташанов, ки дар робита ба ин парванда бо қурбониён ва муфаттишон суҳбат кардааст, гуфт, «Додгоҳи олии Ӯзбекистон Турақуловро бар асоси беш аз 10 банд, аз ҷумла сӯистифода аз мақом, порагирӣ ва қаллобӣ айбдор эълом кард».

Ҳамроҳ бо Турақулови 42-сола 12 нафари дигар бо шумули маъмурони пешини Хадамоти амнияти миллӣ, додситонӣ ва пулиси Ӯзбекистон зиндонӣ шудаанд.

Ба гуфтаи Ташанов, зидди Турақулов бар асоси беш аз 10 банди дигари Кодекси ҷиноии Ӯзбекистон парвандаи дувум боз шудааст.

Полковники пешини Хадамоти амнияти миллии Ӯзбекистон Нодир Турақулов 22 январи соли гузашта дар шаҳри Тошканд дастгир шуда буд. Ҳамсари ӯ духтари бародари додситони кулли пешини Ӯзбекистон Рашид Қодиров аст. Худи Қодиров низ дар ҳабс аст.


Поделиться новостью в социальных сетях:

Leave a Reply