Обунаи маҷбурӣ боиси барканории мудири мактаб гашт

ОСИЁИ МАРКАЗӢ, Узбекистон, ХАБАРИ ТОЗА, ҲУҚУҚ

Мудири мактаби №10 ноҳияи Янгиюли Ӯзбекистон Шавкатҷон Риззоев барои маҷбуран обуна кардани омӯзгорон ба нашрияҳои даврӣ аз мақом барканор шуд.

Дар ин бора расонаҳо Ӯзбекистон бо такя ба вазорати маорифи он кишвар хабар медиҳанд.

Риззоев дар моҳи январ ба омӯзгорон дастур додааст, ки якбора ба чанд маҷалла обуна шаванд.

«Роҳбари мактаб дар асоси моддаи 181 Кодекси меҳнат барои ҷалби омӯзгорон дар кори ба рӯйхатгирии сокинон дар охири моҳи декабри соли 2018 танбеҳ гирифта буд. Омӯзгорон набояд ба чунин корҳо ҷалб шаванд. Мудири мактаб аз ин хулоса набароварда, моҳи январи соли 2019 омӯзгоронро иҷборан ба чанд маҷалла обуна кардааст», — омадааст дар хабари вазорати маориф.


Поделиться новостью в социальных сетях:

Leave a Reply