Салоҳияти нозирони роҳ маҳдуд шуд

Узбекистон, ХАБАРИ ТОЗА, ҲУҚУҚ

Аз 1 июли соли 2019 ронандаҳои Узбекистон ҳақ доранд аз амри нозирони роҳ, ки видеокамераи  ҳамроҳ надоранд ва санадҳои худро нишон надиҳанд, сарпечӣ кунанд.

Дар ин бора Вазорати адлияи Узбекистон рӯзи гузашта бо нашри як иттилоия хабар додааст.Назорати пинҳонии нозирони роҳи Вазорати корҳои  дохилии Узбекистон дар роҳҳо манъ карда шудааст. Қоидаи нав дар Дастурамали тартиби танзими муносибати нозирони роҳ бо ронандагон ва истифодаи дастгоҳҳои махсус ворид шудааст. Ин дастурамалро Девони вазирони Узбекистон 1 декабр имзо кард. Дар санад омадааст, ки нозирони роҳ бояд вазифаи худро ошкоро, бо истифода аз дастгоҳҳои махсуси садоиву видеоӣ анҷом диҳанд. Маъмурон вазифадоранд, аз 1 июли соли 2019 бо худ камераи видеоӣ  ҳамроҳ гиранд.Ҳамчунин нозирони роҳ ҳақ надоранд, барои қоидавайронкуние, ки хориҷ аз минтақаи зери назорати онҳо сурат гирифтааст, санад тартиб диҳанд. Ронанда ҳақ дорад, санади нозири роҳро талаб кунанд, то мутмаин шаванд, ки ӯ корманди ҳамон минтақа аст.


Поделиться новостью в социальных сетях:

Leave a Reply