Савгандёдкунӣ барои ходимони давлатӣ ҳатмӣ мешавад

ОСИЁИ МАРКАЗӢ, Узбекистон, ХАБАРИ ТОЗА, ҲУҚУҚ

Дар Ӯзбекистон ходимони давлатӣ вазифадор мешаванд, ки савганд ёд кунанд. Дар сомонаи СОВАЗ лоиҳаи қонун «Дар бораи хизмати давлатӣ» баҳс мешавад.

Дар моддаи 55-уми ин лоиҳа омадааст, ходими давлатие, ки бори аввал ба мансаби давлатӣ мерасад, бо мазмуни зер савганд ёд мекунад:

«Бо тантана савганд ёд мекунад, ки Конститутсия ва қонунҳои Ҷумҳурии Ӯзбекистонро риоя карда, уҳдадориҳои хизматиамро содиқона иҷро карда, ба мардуми Ӯзбекистон хизмат мекунам, барои вайрон кардани савганди мазкур бар асоси қонун ҷавоб хоҳам гуфт».

Баъди ин савганд ходими давлатӣ санаи ёд кардани онро зикр карда, зераш имзо мегузорад.

Гуфта мешавад, матни савганд ҳамроҳи ҳуҷҷатҳои дигари ходими давлатӣ ҳифз мешавад.


Поделиться новостью в социальных сетях:

Leave a Reply