• Administrator
  • 28.12.2018
  • 1

Қасди куштор ва худкушии муҳоҷири тоҷик дар Петербург

Субҳи 26 декабр дар як манзили иҷораи муҳоҷирони тоҷик дар хиёбони Дачний дар шаҳри Санкт-Петербург муноқишаи хунине рух додааст. Абдул Ш.-и 27-сола, ки ба сабаби кор наёфтан дар ҳолати бади равонӣ қарор дошт, аввал ба шиками ҳамватани 37-солааш Назар Н. ва сипас ба чашми Гулнораи М.-и 27-сола корд зада, дар ниҳоят қасди ҷони худ кардааст. Ҳарсеро дар ҳолати вазнин ба бемористони №26 бурдаанд ва табибон барои аз марг наҷот додани онҳо мубориза мебаранд. Гулнора ба болои ин дар батнаш кӯдаки ҳафтмоҳа доштааст. Дар робита ба ин ҳодиса бар асоси моддаҳои 30ва105 Кодекси ҷиноятии Русия (қасди куштани ду нафар) парвандаи ҷиноятӣ оғоз кардаанд.

Кумитаи тафтишоти Русия дар робита ба муноқишаи хунин дар байни муҳоҷирони тоҷик дар шаҳри Санкт-Петербург бар асоси ду моддаи Кодекси ҷиноятии Русия – 30 ва 105 – бо иттиҳоми қасди куштани ду нафар парвандаи ҷиноятӣ оғоз кардааст.

Бино ба гузоришҳои расида, як шаҳрванди 27-солаи Тоҷикистон субҳи 26 декабр, соати тақрибан 9 дар як манзили иҷора дар бинои 3/6 дар хиёбони Дачнийи шаҳри Петербург ду ҳамватанашро корд зада, сипас қасди худкушӣ кардааст.

Таврехабаргузории маҳаллии «Невские новости» бо истинод ба баёноти шоҳидон гузориш медиҳад, «гумонбари 27-сола Абдул Ш. ба далели мушкили корёбӣ ва муноқишаҳо бо ҳамсояҳояш дар ҳолати афсӯрдагии сахт қарор дошт. Абдул Ш. дар ин хонаи сеҳуҷрагии иҷора ҳамроҳи ҳамватанҳояш Назар Н.-и 37-сола ва Гулнораи М.-и 27-сола зиндагӣ дошт. Ин ҷавонзан дар батнаш кӯдаки ҳафтмоҳа ҳам доштааст. Соати қариб нӯҳи субҳи 26 декабр ҷавонмарди асабонӣ кордро ба даст гирифта, аввал ба шиками Назар зад ва сипас бо тамоми қувват ба чашми Гулнора чунон зад, ки корд то дастааш қариб пурра ба чашмаш даромад. Зарба чунон сахт буд, ки теғи корд дар чашми Гулнора дармонд. Баъди ин Абдул ба ҳуҷраи худ даромада, корди дигарро гирифт ва ба синаи худаш зад, то худро бикушад.”

Ҳарсе муҳоҷири тоҷикро дар ҳолати вазнин ба беморхонаи шаҳрии рақами 26 бурданд ва табибон то ҳол барои наҷоти ҷони онҳо талош доранд. Ба гуфтаи табибон, зарбаҳо бо корд хеле бераҳмона ва ба аъзои ҳаётан муҳими бадан зада шудаанд ва инки ин се нафар зинда монданд, ба назари табибон ва мақомот, худ як мӯъҷиза менамояд.

Бар асари ин ҳамла ҷигар, меъда ва рӯдаҳои Назар сахт осеб дида, ӯ ҳамчунин аз гардан ва қафаси синааш ҷароҳатҳои зиёд бардоштааст. Гулнора аз ноҳияи сар ва атрофи чашмаш ҷароҳатҳои зиёд бардошта, як чашмаш, ки зарбаи корд асосан ба рӯи он омад, дигар ғайри қобили табобат гуфта мешавад.

Ҳанӯз маълум нест, ки чӣ иттифоқе Абдулро ба чунин ҳамлаи бераҳмона нисбат ба ҳамсояҳояш тела додааст? Тафтиши ҳодиса идома дорад.

Бознашр аз Ахбор

Поделиться новостью с друзьями:


1 комментарий

  • Тобон:

    Чӣ хабари нохуше буд. Табъам хира гашт. Асосан ба ҳоли Гулнора.

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.