Мушкилоти муҳоҷират ва меҳнат дар Душанбе

МУҲОҶИР

Дар Душанбе ҷаласаи ХХХI Шӯрои машваратӣ оид ба меҳнат, муҳоҷират ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии давлатҳои ИДМ баргузор гардид.

Ҷаласаи мазкур дар  доираи  татбиқи Консепсияи раисии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар соли 2018  роҳандозӣ  гардидааст.

Дастандаркорони ин  ҷаласа иттилоъ медиҳанд, ки аъзои  Шӯрои машваратӣ оид ба меҳнат, муҳоҷират ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии давлатҳо — иштирокчиёни Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, ҳамчунин  вазоратҳои меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ,  тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии   Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аъзои ин Шӯрои  машваратӣ  мебошанд, ширкат доранд.

 Гуфта шуд, ки  иштирокдорони ҷаласа хусусан ба масъалаҳои  иҷрои қарорҳои Шӯрои сарони кишварҳои ИДМ аз 16 сентябри соли 2016 дар мавриди мутобиқкунии ИДМ ба анъанаҳои муосир ва қоидаҳои ягонаи дастрасӣ ба базаи иттилоотӣ-таҳлилии миллӣ ба соҳаҳои иҷтимоӣ-меҳнатӣ ва муҳоҷират, имконияти ҳамгироии минбаъдаи онҳо  таваҷҷуҳи махсус зоҳир  менамоянд.

Ёдовар мешавем, ки ҷаласаҳои Шӯрои мазкур ҳамасола дар мувофиқа бо давлатҳо-иштирокчиёни ИДМ тибқи ҷадвали  тасдиқгардида аз рӯи навбат дар давлатҳои  аъзо баргузор мегарданд. Ҷаласаи имсола чорумин чорабинии Шӯрои машваратӣ оид ба меҳнат, муҳоҷират  ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии давлатҳо –иштирокчиёни ИДМ мебошад, ки  дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор   мегардад.


Поделиться новостью в социальных сетях:

Leave a Reply