Русия: Таҳқиқи шиканҷаи муҳоҷир

МУҲОҶИР, ОСИЁИ МАРКАЗӢ, ХАБАРИ ТОЗА, Қирғизистон, ҶАҲОН

Мақомоти тафтишотии вилояти Челябински Русия хабари шиканҷа шудани муҳоҷири 29-солаи қирғизистониро тафтиш мекунад. Гуфта мешавад, ин муҳоҷир бо гумони ҳамдаст будан дар таркиши бинои истиқоматӣ дар Магнитогорск боздошт ва шиканҷа шудааст.

Дар ҳамин ҳол, мақомоти тафтишотӣ мегӯянд, ҷабрдида ва ҳамсараш «истифодаи шиканҷаро комилан рад мекунанд».

«Аммо муайян карда шуд, ки дар бадани мард осори шиканҷа ҳувайдо аст», — навишт сомонаи Znak.com аз қавли додситони вилояти Челябинск Виталий Лопин.

Дар бораи боздошт ва шиканҷа шудани муҳоҷири қирғизистонӣ Ҳусниддин Зайнабидинов ҳамсари вай ҳафтаи гузашта хабар дода буд. Зайнабидиновро 16 январ дар Магнитогорск боздошт карданд. Ба ӯ аксҳои мардони ришдорерор нишон дода, дар бораашон иттилоъ хостанд. Вай ба ҳамсараш нақл кардааст, ки пулис ӯро дар таркиши бинои истиқоматӣ гумонбар мекунад. Муҳоҷир нақл кардааст, ки ӯро бо нерӯи барқ шиканҷа кардаанд. Шиканҷа шаш соат давом кардааст.

Айни ҳол Зайнабидинов дар ҳабси хонагӣ аст ва масъалаи истирдоди вай ба Қирғизистон баррасӣ мешавад. Зайнабидиновро дар Қирғизистон дар иштироки ҳодисаҳои соли 2010 ҷануби ин кишвар айбдор мекунанд.

Субҳи 31 декабр дар яке аз биноҳои баландошёнаи Магнитогорск таркиш рух дод. Дар он ҳодиса 39 кас кушта шуд. Мақомот гуфтанд, таркиши газ боиси фурӯ рехтани бино шудааст.


Поделиться новостью в социальных сетях:

Leave a Reply