Занозании гурӯҳии муҳоҷирон дар Русия

МУҲОҶИР, ОСИЁИ МАРКАЗӢ, Узбекистон, ХАБАРИ ТОЗА, Қирғизистон, ҶАҲОН

Дар яке аз сохтмонҳои шаҳри Москваи Русия 30 июл шаҳрвандони Ӯзбекистону Қирғизистон занозанӣ карданд. Дар ин бора сафорати Қирғизистон дар Русия хабар дод.

Ташхиси тиббӣ сабаби марги шаҳрванди Қирғизистонро дар ин ҳодиса сарозер шудан аз баландӣ унвон кард.

Намояндагии Кумитаи тафтишотии Русия ҳодисаи марги шаҳрванди Қирғизистонро таҳқиқ мекунад. Чанд тан аз иштирокчиёни занозании гуруҳӣ боздошт шуданд.

Дар ҳоли ҳозир масъалаи таъсиси парвандаи ҷиноӣ баррасӣ мешавад.

Тобути шаҳрванди Қирғизистон имрӯз ба ватанаш оварда хоҳад шуд.


Поделиться новостью в социальных сетях:

Leave a Reply