• Бахтовар Сафаров
  • 02.04.2019
  • 0

Калонтарин сӯзании оламро ӯзбекҳо дӯхтанд

Дар доираи омодаги ба аввалин Фестивали байналмиллалии санъати Бахши, ки дар таърихи 5 то 10 апрел дар вилояти Сурхондарё баргузор мегардад, устоҳои колинбофи бойсунӣ сӯзании калонтарини оламро омода намуданд.

Барои дӯхтани сӯзании 25 метра 20 нафар устоҳои боистеъдод ва дӯзандагон заҳмат кашида, дар он манзараҳои диёри аҷдодӣ, инчунин нозукиҳои нақшу нигори бойсунӣ тасвир гардидаанд.

Дарозии сӯзанӣ 25 метр, бараш – 6 метр ва вазни умумияш 60 килограмм мебошад.

Поделиться новостью с друзьями:


Назари худро нависед

Ваш e-mail не будет опубликован.

App Banner