50 бинои баландошёна барои Айнӣ

ХАБАРИ ТОЗА

То поёни соли 2020 дар кӯчаи Айнии шаҳри Душанбе дар масоҳати 42 гектар бар асоси Нақшаи генералии рушди пойтахт беш аз 50 бинои камаш 12-қабатаи истиқоматӣ барои 25 ҳазор аҳолӣ бо марказҳои савдо ва хидматрасонӣ сохта хоҳад шуд.

Рӯзи 9 ноябр дар ҳузури президент Эмомалӣ Раҳмон ва шаҳрдори Душанбе Рустами Эмомалӣ маросими муаррифии лоиҳаҳои ин биноҳои нав доир шуд.Хадамоти матбуоти президенти Тоҷикистон хабар дод, ки Эмомалӣ Раҳмон ва писараш – раиси ҳукумати шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ рӯзи 9 ноябр дар ноҳияи Шоҳмансури пойтахт бо бо лоиҳаҳои иншооти нав, аз қабили биноҳои баландошёнаи истиқоматӣ, маъмурӣ, таълимӣ ва марказҳои муосири савдою хизматрасонӣ, ки асосан дар кӯчаи Садриддин Айнӣ аз буриши хиёбони Рӯдакӣ то буриши кӯчаи Дӯстии халқҳо бунёд мешаванд, шинос шуданд. Президент Раҳмон «ҷиҳати мутобиқ ба стандартҳои меъморӣ сохтани он ба масъулони сохторҳои дахлдори шаҳр ва ширкатҳои сохтмонию лоиҳакашӣ супоришҳои мушаххас додааст”, — омадааст дар ин гузориш.

Зимни муаррифии тарҳи иншооти бунёдшаванда ба президент иттилоъ додаанд, ки «Консепсияи меъморӣ ва шаҳрсозии кӯчаи Садриддин Айнӣ аз буриши хиёбони Рӯдакӣ то буриши кӯчаи Дӯстии халқҳо дар доираи Нақшаи генералии шаҳри Душанбе таҳия гардида, дар давоми ду сол бунёди зиёда аз 50 бинои баландошёнаи истиқоматӣ дар масоҳати 42 гектар бо фарогирии марказҳои савдою хизматрасонӣ барои беш аз 25 ҳазор аҳолӣ пешбинӣ шудааст. Аз ин шумор 19 бинои баландошёнаи истиқоматӣ ва маъмурӣ дар ду шафати роҳи асосӣ бо риояи санъати баланди меъмории милливу муосир сохта мешавад.

Сокинони биноҳову ҳавлиҳое, ки барои сохтани иншооти нав бояд кӯчонда шаванд, ба сомонаи «Ахбор” гуфтанд, ки алакай аз мақомот огоҳиномаи расмӣ гирифтаанд, ки бояд хонаҳои худро холӣ кунанд. Ба онҳо ваъда додаанд, ки арзиши ҳавливу хонаҳояшон бо нархи бозор ҷуброн карда хоҳад шуд.

Биноҳои истиқоматие, ки тибқи ин консепсия дар кӯчаи Айнӣ сохта мешаванд, на камтар аз 12 ошёна буда, бунёди инфрасохтори зарурӣ, ба монанди майдончаҳои бозии кӯдакон, боғчаҳои бачагона, мактаб, дармонгоҳҳо, таваққуфгоҳ ва шабакаи обу корез ба нақша гирифта шудааст.

Ҳамчунин дар ҳамин кӯча бинои нави маъмурии Ҳизби ҳокими Халқии Демократии Тоҷикистон сохта мешавад. Тибқи дурнамо ҳамчунин сохтмони биноҳои муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 15, Коллеҷи санъати ба номи Аҳмад Бобоқулов ва Коллеҷи хореографии ба номи Малика Собирова дар назар гирифта шудааст.

Эмомалӣ Раҳмон бунёди ин иншоотро дар фароҳам овардани шароити аз ин ҳам беҳтари кору зиндагӣ барои сокинон муҳим арзёбӣ намуда, таъкид кард, ки сохтмони тамоми иншоот дар муҳлати муайяншуда бо риояи тамоми талаботи меъморию шаҳрсозӣ ба анҷом расонида шавад. Ӯ ҳамчунин ҷиҳати васеъ намудани роҳҳо, чароғонкунии кӯча, биноҳои баландошёнаи истиқоматию маъмурӣ ва кабудизоркунии муҳити атроф низ супоришҳои мушаххас додааст.

Хадамоти матбуоти президент мегӯяд, дар ҳоли ҳозир, «дар буриши кӯчаҳои Садриддин Айнӣ ва Аҳмади Дониши пойтахт сохтмони чор бинои 16 ошёна, ки аз лиҳози тарҳи меъморӣ дар шаҳр беназир аст, дар ҳоли анҷомёбӣ қарор дорад.

Корҳои сохтмонӣ дар иншооти зикршуда моҳи августи соли 2017 оғоз гардида буд ва тибқи маълумоти кормандони Сарраёсати меъморӣ ва шаҳрсозии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе хонаҳои истиқоматии ин чор бино дар маҷмуъ беш аз 60 ҳазор метри мураббаъро ташкил дода, дар онҳо садҳо нафар соҳиби манзили зист хоҳанд шуд.

Хадамоти матбуоти президент аз қавлои сокинони пойтахт менависад, «бо риояи санъати баланди меъмории милливу муосир бунёд гардидани иншооту биноҳо, боғу гулгаштҳои замонавӣ ва таҷдиду навсозии хиёбону кӯчаҳо ба шаҳри Душанбе воқеан ҳусни тоза бахшидааст.


Поделиться новостью в социальных сетях:

Leave a Reply