Акхан (Хони Сафед)-и президент рекорди нав гузошт

Наход, Туркманистон, ХАБАРИ ТОЗА

Туркманистон бори дигар шомили Китоби рекордҳои Гиннес шуд. Ин бор аспи президенти Туркманистон рекорд нишон дод.Ба навиштаи расонаҳои маҳаллӣ, аспи Акхан, ки ба маҷмааи асппарварии Ахалтекаи президенти Туркманистон тааллуқ дорад, барои ҳунари бо пойҳои пушташ фосилаи 10 метрро тай кардан, шомили рекордҳои Гиннес шудааст.»Акхан ба пойҳояш рост истода, фосилаи 10 метрро дар 4,19 сония тай кард», — менависанд расонаҳои Туркманистон.Аспҳои ахалтека арзиши миллии Туркманистон ба шумор мераванд. Президенти Туркманистон Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов шахсан соҳаи асппарвариро назорат мекунад.


Поделиться новостью в социальных сетях:

Leave a Reply