Алишер Усмонов аз болои Роскомнадзор ба додгоҳ шикоят кард

ХАБАРИ ТОЗА, ҲУҚУҚ, ҶАҲОН

Миллиардери ӯзбектабори Русия Алишер Усмонов ба додгоҳи Басмани шаҳри Москва шикоят бурда, хостааст, аз Интернет се матлабе пок карда шавад, ки дар бораи робитаи ӯ бо Захарий Калашов, маъруф ба «Шакро Молодой» дар олами ҷиноӣ, таҳия шудаанд.

Дар ин бора РБК бо истинод ба намояндаи додгоҳ хабар додааст. Усмонов гуфтааст, матлабҳои «Алишер Усмонов. Мақом: маъруф», «Алишер Усмонов дар парвандаи Шакро» ва «Дар бораи робитаҳои Усмонов бо гуруҳҳои ҷиноӣ», ки дар сомонаи Russian Criminal нашр шуданд, ба ӯ осеби равонӣ расонданд ва бинобар ин, 50 ҳазор рубл ҷуброн талаб кардааст.

Ба гуфтаи миллиардер, дар матни матлабҳои мазкур маълумоти дурӯғ оварда шудааст, ки ҳаққи ӯро барои ҳимоят аз шаъну шараф нақз мекунанд.

Дар доираи ин парванда ба ҳайси гумонбар Роскомнадзор иштирок дорад, ки Усмонов аз он пок кардани матлабҳоро талаб кардааст.

Захарий Калашовро додгоҳи Москва охирҳои моҳи март бо айби тамаъҷӯӣ 10 сол зиндонӣ кард. Ӯ аз молики қаҳвахонаи «Elements»-и Москва ва мудири ширкати «Норднафтгаз» ҷамъан 10 миллион рубл талаб кардааст.

Алишер Усмонов моҳи майи соли 2017 барои ҳимоят аз шаъну шарафи худ зидди муассиси Бунёди мубориза бо коррупсия Алексей Навалний шикоят бурд. Навалний миллиардерро дар таҳияи нақшаи ғайриқонунӣ додани замин ба сарвазири Русия Дмитрий Медведев дар минтақаи Рублевка айбдор кард. Додгоҳи зинаи аввал нашри филми Навалнийро манъ кард. Вале додгоҳи шаҳри Москва моҳи августи соли 2017 ин қарорро тағйир дода, хост, баъзе аз қитъаҳои филм, ки мансуб ба Усонов буданд, ҳазф шаванд. Ин ҳукм ба иҷро расид.


Поделиться новостью в социальных сетях:

Leave a Reply