Бӯсобӯсӣ бо бинӣ

Наход, ХАБАРИ ТОЗА, ҶАҲОН

Дар қисмати шарқии Бангладеш қабилае зиндагӣ мекунад, ки мардумаш ҳатто ибораи «маро бибӯс»-ро намедонанд. Онҳо ба ҷои «маро бибӯс» ҳамеша «маро бибӯй» мегӯянд.

Сокнинони таҳҷоии Зеландияи нав ҳангоми вохӯрӣ якдигарро бо рӯйпӯш пӯшонда, биниҳои худро ба ҳам соиш медоданд ва дар баробари ин хур-хуркунон ҳаворо чуқур нафас мекашиданд.
Сокинони таҳҷоии ҷазираи Санта-Маpия ҳангоми дидор якдигарро бӯй кашида, бинии худро ба ҳам мемоланд.

Дар ҷазираи Сокотpа, воқеъ дар уқёнуси Ҳинд, мардум ҳангоми дидор китфи якдигарро мебӯсанд.

Дар ҷазираҳои Тонга ҳангоми вохӯрӣ дасти якдигарро гирифта, ба бинӣ ва даҳони худ мемоланд.

Мардуми Хитой ҳангоми салом биниҳояшонро ба якдигар мерасонанд ё бинияшонро ба рухсораи дӯсташон молида, чунин вонамуд мекунанд, ки бӯсида истодаанд.

Мардуми Ҷопон дар ҳузури дигарон бӯса намекунанд. Дар ягон филми ҷопонӣ шумо саҳнаи бӯсакуниро намебинед. Ҳангоми саломкунӣ онҳо аз якдигар ба масофаи як қадам дуртар истода, тавре бӯса мекунанд, ки даҳонашон кушода набошад.


Поделиться новостью в социальных сетях:

Leave a Reply