Чочаки бриллиантӣ

Наход, ХАБАРИ ТОЗА, ҶАҲОН

Чочак аз зумраи ашёҳои арзону даркорӣ аст, ки дар ҳар хонаи кӯдаки хурддошта онро дидан мумкин аст. Оё шумо медонед, ки чочаки аз ҳама қиматтарини ҷаҳон 17 ҳазор доллар арзиш дорад? Ин чочаки қиматбаҳо аз силикон сохта шуда, дастааш аз тиллои сафед аст ва бо 280 бриллиант оро дода шудааст. Истеҳсолкунандаи он, ширкати Personalized Pacifiers муътақид аст, ки чочаки қиматбаҳоро на ҳамчун сувенири қиматбаҳо туҳфа кардан мумкин аст, балки ҳамчун чочак ба кӯдак дода мешавад. Хоҳишмандон метавонанд дар чочаки қиматбаҳо номи фарзанди худро сабт намоянд.


Поделиться новостью в социальных сетях:

Leave a Reply