Фахриддин Собиров даргузашт

ХАБАРИ ТОЗА

Фахриддин Собиров, сардори Маркази матбуоти Хадамоти гумруки Тоҷикистон, ки як ҳафта пеш ба ин вазифа таъин шуда буд,  дар бемористони Қарияи Боло аз олам даргузашт.

Фахриддин Собиров 51-сола буд ва чанде пеш сардори дафтари матбуоти Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъйин шуда буд.

Ӯро роҳгузарон дар наздикии бинои телевизиони «Сафина» беҳушу беёд пайдо кардаанд ва дар бемористони Қарияи Боло ҷарроҳӣ шудааст.

Табибон гуфтаанд, ки бинобар зарба сари Фахриддин Собиров сахт осеб дида, дучори хунравии мағзӣ шудааст. Маҳмуд Ҳасанов, яке аз ҷарроҳони Собиров рӯзи 14-уми октябр баъди анҷоми ҷарроҳӣ ба хабарнигори РО гуфтааст, ки вазъи бемор “фавқуллода вазнин аст”. Имрӯз, 15-уми октябр, чанд дақиқа пеш, хабар расид, ки Фахриддин Собиров бар асари ин ҳодиса аз дунё гузашт.

Аммо Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 15-уми октябр гуфт, Фахриддин Собиров бинобар афтодани ӯ дар роҳ ва бархӯрдани сараш дар ҷисми сахт осеб дида, беҳуш шудааст. Вазорати корҳои дохилӣ мегӯяд, ҳеҷ ҳамлае ба ӯ сурат нагирифтааст ва дурбинҳои «шаҳри бехатар» нишон доданд, ки Фахриддин ҳангоми аз роҳ убур кардан афтида ва сараш осеб дидааст.

«Фишораш то 220 боло шуда, дар роҳ меафтад ва вақте, ки занҳои роҳрӯб ӯро аз ҷояш мехезонанд, мегӯяд, ки ӯро ба хонаи аппааш баранд. Дар наворҳои дида мешавад, ки ба вай ҳамлае сурат нагирифтааст. » ,-гуфтааст Умарҷони Эмомалӣ, сухангӯи вазорати умури дохилии Тоҷикистон.

P.S: Ҳайати эҷодии сомонаи “Тоҷикистон таймс” аз марги нобаҳангоми журналист  Фахриддин Собиров андуҳгин буда, ба наздикони марҳум изҳори тасалият баён мекунанд.


Поделиться новостью в социальных сетях:

Одна комментария к “Фахриддин Собиров даргузашт

  • Аз марги нобаҳангоми журналист Фахриддин Собиров мо хонандагон низ сахт андуҳгин буда, ба наздикони марҳум изҳори тасалият баён мекунем.

Leave a Reply