Кушта шудани 25 сарбоз дар марз бо Афғонистон

ОСИЁИ МАРКАЗӢ, Туркманистон, ХАБАРИ ТОЗА, ҲУҚУҚ

Расонаҳо навиштанд, ки дар як тирпарронӣ дар марзи Афғонистон бо Туркманистон наздики 25 сарбози туркман кушта шудааст. Расонаҳои давлатии Туркманистон ин хабарро рад карданд.

Чанде пеш дар қитъаи марзии Марии Туркманистон ва вилояти Бодғиси Афғонистон тирпарронӣ сурат гирифтааст.

Аз ҷониби Афғонистон гуруҳи қочоқбарон сӯи сарбозони туркман оташ кушоданд. Баъди ин низомиёни туркман бонки хатар эълон мекунанд. Дар тирпарронӣ, ки 6 соат идома кард, қочоқбарон даҳҳо сарбозро захмӣ ва наздики 25 тани дигарро куштанд, хабар медиҳанд расонаҳо.


Поделиться новостью в социальных сетях:

Leave a Reply