Мори бадвоҳима дар Баҳри Сурх

Наход, ХАБАРИ ТОЗА, ҶАҲОН

Дар  Баҳри Сурх  як махлуқи монанд ба морро пайдо кардаанд. Ин морро, ки «Maga Maar Malad» ном мебаранд, қариб 30 метр дарозӣ ва якчанд тонна вазн дорад.

Мувофиқи маълумоти SAAD, шикорро аз паи ин мор гурӯҳи  биологҳои мисрӣ ва мутахассисони дигар аз муассиаҳои илмӣ  ба роҳ монда, онро  дарёфт кардаанд. Ба гуфти олимон, ин мор 103 сола аст. Аксҳои «Maga Maar Malad» дар ҳақиқат воҳимаангез  аст, аммо аллакай якчанд марказҳои илмӣ  SAAD -ро таъна  мекунанд, ки  ҳеҷ далеле ба ҷуз аз якчанд акс надорад. Дарозии питонҳои  муосир танҳо ба 15 метр мерасад, ки тақрибан нисфи дарозии мори дарёфткарда мебошад  . Ҳатто морҳои қаблан ёфтшуда низ танҳо  20 метр дароз буданду халос . Ҳоло агар нашрияи SAAD ҳақиқатро гуфта бошад,  пас шумо метавонед ба дарёфти дигар ҷонварони атиқа низ умед бандед.


Поделиться новостью в социальных сетях:

Leave a Reply