Муҳлати насби ҳисобкунакҳо то 15 декабр

ОСИЁИ МАРКАЗӢ, Туркманистон, ХАБАРИ ТОЗА, ҲУҚУҚ

Мақомоти шаҳри Ишқободи Туркманистон ба сокинон муҳлат додаанд, ки то 15 декабр дар манзилҳояшон ҳисобкунак насб кунанд.

Дар пойтахти Туркманистон маъракаи насби ҳисобкунакҳои газ идома дорад.

Насби оммавии ҳисобкунакҳои газ ва об моҳи октябри соли ҷорӣ шуруъ шуд. Ҳукумати Туркманистон моҳи октябр эълон кард, ки ҳамаи имтиёзҳои иҷтимоии хизматрасониҳои комуналиро бекор мекунад. Дар он кишвар сар аз соли 1993 сокинон обу газро ройгон истифода мекарданд.

«Ҳар субҳ намояндагони мақомоти маҳаллӣ, пулис ва оташнишонӣ манзили сокинонро тафтиш мекунанд. Ба онҳое, ки ҳисобкунак насб накардаанд, то 15 декабр муҳлат дода шудааст», — хабар медиҳад рӯзноманигорон  аз шаҳри Ишқобод.


Поделиться новостью в социальных сетях:

Leave a Reply