Наврӯзи Донишкадаи санъат мурғи илҳомро обӣ кард

ХАБАРИ ТОЗА

Наврӯз шуду лолаи хушранг баромад,

Булбул ба тамошои дафу чанг баромад.

Мурғони ҳаво ҷумла бикарданд парвоз,

Мурғи дили ман аз қафаси танг баромад.

Мазмуни ин мисраъҳои ошноро дар тантанаи ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода, ки рӯзи 16 март давоми чор  соат дар гулгашти муассисаи мазкур бо иштироки фаъолонаи устодону омӯзгорон баргузор гардид, хондем. Гулгашт аз тахайюли ҳайратовари дастандаркорони ҷашн гулистон гашта, ҳозирин бо чеҳраҳои кушоду чашмони пурмеҳр ҳамдигарро табрик мегуфтанд, таманно мекарданд, ки Парвардигор ҳамаро то Наврӯзи соли дигар расонанд.

Унвони  «Чеҳраи фарҳангии  Наврӯзи байналмилалӣ» воқеан ҷавобгӯ ба марому мақсади доиркунандагони чорабинӣ хотирмону фараҳбахш ҷараён гирифт.

Ҳозиринро бо фарорасии Наврӯзи хуҷастапай ректори  Донишкадаи фарҳанг ва санътат Хайриддин Усмонович Идиев, Шоирони халқии Тоҷикистон Меҳмон Бахтӣ, Гулназар Келдӣ, Нависандаи халқии Тоҷикистон Кароматулло Мирзоев ва чанде устодони донишкада табрик гуфта, дар кори таълиму тарбияи мутахассисони лаёқатманди соҳаҳои фарҳангу санъат ва бештар саҳм гирифтан дар рушди Ватани азизамон барору комёбиҳо таманно карданд. Қабл аз ин, ҳакамон аз шумори устодону ҳунарпешагони шинохтаи кишвар, ки дар муассисаи мазкур ба тарбияи мутахассисони ояндадор машғуланд, аз хонҳои наврӯзии устодону шогирдони факултаҳо дидан карда, ба намунаи ҳунарҳои мардумии омодакардаи онҳо баҳои арзанда муқаррар намуданд.   Донишҷӯёни факултаҳои донишкада барномаҳои хеле ҷолиби диданию шунидании худро бомаҳорат ва ғайрату кӯшиши ҷавонӣ намоиш доданд. Муҳтавоияту моҳияти саҳнаҳои театрикунонидашудаи донишҷӯён ҳама ба Наврӯзи байналмилалӣ бахшида шуда, арзандаи қарсакзаниҳои бинандагон гардиданд.

Дар тантанаи наврӯзӣбеш аз 200 нафар хатмкунандаи мактабҳои миёнаи пойтахт, ки ба маросими Рӯзи дарҳои кушодаи донишкада даъват шуда буданд, иштирок намуданд.

Бояд зикр намуд, ки декани факултаи фарҳангшиносии донишкада Фарҳод Маҳмадраҳимов  сенарияи барномаи тантанаи Наврӯзи байналмилалиро хеле эҷодкорона мураттаб кардаст. Дар тантана ҳатто мурғобиҳо «саҳм гузоштанд». Нафаре шӯхимомез гуфт, ки «Донишкадаи санъат мурғи илҳомро обӣ кард».

Гузориши мусаввари Эмоми НАЗАРИЁН

 


Поделиться новостью в социальных сетях:

Leave a Reply