Номусамро доғдор кардан мехост

ХАБАРИ ТОЗА

Ман як ошиқи роҳгумзада ҳастам. Диламро бевафое аз ман рабуд. Ҳангоми дар гузаргоҳ гузаштан ҷавони абрӯсиёҳи хушсимое думболагирам кард ва рақамҳои телефонашро дода, бисёр хоҳиш намуд, ки занг занам. Аслан ман аз он тоифаи духтарҳое нестам, ки бо ду гапи ширин обу адо мешаванд, вале он ҷавони зебои хушқаду қомат маро бо сеҳри нигоҳаш афсун намуд. Ба хона омада ба рақамҳои додааш занг задам. Ҷавон гӯширо бардошта, чунон ширинзабонӣ кард, ки бо шунидани суханони гӯшнавозаш дили зорам аз даст рафт. Ҳамин тавр, мо бо ҳам аҳди ишқу муҳаббат бастем. Як рӯз ба боғи пойтахт мерафтему рӯзи дигар ба боғи Рӯдакӣ. Бовар надоштам, ки ин ҷавони меҳрубон ҳатто пашшаро озор дода тавонад, вале дар зери ниқоби фаришта деве ниҳон будааст.
Хулласи гап, як рӯз Раҳим маро ба иҷорахонааш бурда, хост ба номусам дастдарозӣ кунад. Ба рӯяш як шаппотии обдор зада гуфтам, ки ман аз он духтарҳои бероҳа нестам ва хостам баромада равам. Раҳим мисли гурги гурусна маро раҳо кардан намехост. Кӯшиш намуд, ки зӯран маро зери по намуда ба мақсади нопокаш расад, вале ин кор ба ӯ даст надод, зеро ман бо тамоми овоз фарёд зада ба берун давидам. Ҳамсояҳояш ба ташвиш афтида аз хонаҳояшон давида баромаданд. Раҳим аз онҳо шарм дошта, дигар маро думболагирӣ накард. Гириста-гириста ба хона омадам ва аз ҳамон рӯз гӯшҳоямро кашидам, ки дигар бо ягон ҷавон шинос намешавам.
Духтарони азиз! Содагӣ карда ба лофу газофи бачаҳо дар бораи ишқу муҳаббат бовар накунед. Ишқи пок танҳо дар китобҳо ва кино вуҷуд доштаасту халос. Мақсади ошиқони имрӯза танҳо кайфу сафост!
С., аз маҳаллаи “Мардон”.


Поделиться новостью в социальных сетях:

3 комментарий

  • Мисли кудакхоо факат Шумо афсона менависед.Акалан хаминтавре нависед,ки хонанда каме хам бошад бовар кунад. Бахшиш агар ягон гапи хато гуфта бошам .

  • Беақл, куҷо меравӣ хона? Боғҳоро гаштӣ бас набуд?
    Боғҳо рафтиву одаташ кунондӣ….

  • Худо рахматро хурдааст вагарна як умр аз кори кардаат пушаймон мешуди. Ишк пок вучуд надорад

Leave a Reply