Путин боз ғолиб омад

Слайдер, ХАБАРИ ТОЗА, ҶАҲОН

Раъйдиҳӣ дар интихоботи президентии Русия анҷом шуд. Шаби  18-уми март эълон шуд, ки ҳудуди шаст дарсади афроди қобили раъй дар ин маърака иштирок карданд. Аммо мухолифин мегӯянд, омори аслӣ камтар аз 55 дарсадро ташкил медиҳад.

Кумисюни марказии интихоботи Русия пас аз шумориши ниме аз варақаҳои раъй эълон кард, ки президенти кунунӣ Владимир Путин 75 дарсад овоз гирифтааст. Дар мақоми дувум номзади ҳизби коммунист Павел Грудинин (13,3 дарсад), дар ҷои севум раҳбари ҳизби либерал-демократ Владимир Жириновский (6,3 дарсад) ва дар ҷои чаҳорум номзади “Ташаббуси шаҳрвандӣ” Ксения Собчак (1,4 дарсад) истодаанд.Бино ба ҳисобҳои аввалияи Кумисюни марказии интихоботи Русия, Григорий Явлинский, Борис Титов, Максим Сурайкин ва Сергей Бабурин, номзадщои дигари интихобот, камтар аз якдарсадӣ раъй гирифтаанд.


Поделиться новостью в социальных сетях:

Leave a Reply