Смартфони нав аз Huawei

ХАБАРИ ТОЗА, ҶАҲОН

15 май ширкати Huawei рӯнамоии смартфони навашро бо номи Honor- 10 гузаронд.  Смартфон аз дигар телефонҳо бартариятҳои зиёд дорад ва нисбат ба  Huawei P20 арзон мебошад.

  Honor 10 дар Россия бо нархи 26 990 рубл ба бозор баромадааст. Он 64 Гб хотира дорад.  Смартфони Honor -10  бо хотираи  128 Гб  бошад, нархаш 29 990 рубл мебошад. Дизайни  Honor- 10 аз версияи пешини смартфони  Huawei беҳтар буда, дар қисмати поёнии он тугмачаи «экрани асосӣ» ҷойгир шудааст. Инчунин,  қулфи экран бо изи ангушт кушода мешавад. Экрани он калонтар ва диогоналаш 5,84 дюйма мебоад. Honor 10 ду то камера дорад, ки 24 мегапикселӣ мебошанд.


Поделиться новостью в социальных сетях:

Leave a Reply